ХАБАРИ ДОҒ

Фурудгоҳ сабаби таъхири ҳавопаймоҳоро шарҳ дод

  • Ҷумъа, Июл 13 2018


 Дар 6 моҳи аввали соли 2018 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  495 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 220 ҳодиса ё 30,7% камтар аст. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 403 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намояндаи ширкат, тағйирёбии вақти парвозҳо ва ғайра) – 35 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 20 ҳодиса ва ғайра. 
 Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 611,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 0,6 % зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда1677,0 тн.-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360,0 тн. ё 27,3 % зиёдтар мебошад. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 192,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш Эйрлайнс”, “ Кам Эйр”, Хитой, “Флай Дубай”, “Осмон Эйр”), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал - Россия, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана – Қазоқистон, Узбекистон ҳаво Йуллари) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 14 ададро ташкил медиҳад. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter