Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши телефонҳои мобилӣ дар асоси сертификати мутобиқат сурат мегирад. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар асоси иҷозати Агентии «Тоҷикстандарт» сифати телефонҳои мобилиро аз назар гузаронида, баъдан ба он сертификати мутобиқат хоҳад дод. Яъне, минбаъд фурӯшандагони дӯконҳо, ки ба фурӯши телефонҳои мобилӣ машғуланд, аз Хадамоти алоқаи мамлакат барои ба фурӯш гузоштани телефонҳои мобилӣ бояд сертификати мутобиқат бигиранд. Дар ин бора дирӯз Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори хадамоти мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур бо мақсади таъмини амнияти давлат, саломатии муштариён, пешгирӣ аз воридоти телефонҳои мобилии пастсифат ва дар ҷамъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар система ва бозори алоқаи мобилии мамлакат гирифта шудааст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ ба 6,2 миллион нафар мерасад, ки аз он 4,4 миллионашро муштариёни фаъол ташкил медиҳанд. Шумораи муштариёни алоқаи маҳаллӣ беш аз 355 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин омор зиёда аз 130 ҳазори он фаъоланд. Теъдоди истифодабарандагони интернет ва истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,5 миллион муштариро фаро мегирад.
Фурӯши телефонҳои мобилӣ-танҳо бо сертификат ва иҷозат
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар