Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 27 июли соли 2018 дар мамлакат қариб 525 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, беш аз 170 ҳазор тонна картошка ва наздики 100 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Кишоварзони ҷумҳурӣ то ба имрӯз майдони 205309 гектарро даравида, ҳосили майдони 196233 гектарро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда 524809 тоннаро ташкил дода, 73%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳои ғалладарав сафарбар карда шуда, 304 адади онҳо айни замон мавриди истифодабарӣ қарор доранд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, мувофиқи маълумотҳои оморӣ, то ба ҳол дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 185817 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11838 гектар зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор дар ҳолати кӯракбандӣ буда, чорабиниҳои агротехникӣ дар онҳо мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.
Имрӯзҳо майдони 3650 гектар дар ҳолати 1-2 кӯракбандӣ, майдони 66637 гектар дар ҳолати 3-4 кӯракбандӣ ва майдони 112830 гектар дар ҳолати 5 то 8 кӯракбандӣ қарор дорад, ки ин аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ, дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи зикршуда, дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 8516 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин 170359 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47799 тонна зиёд мебошад.
Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дорад.
Вазорати кишоварзӣ: ҳосили ғаллаву меваю картошка барзиёд аст!
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар