Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахши интиқоли ҳавоӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистони соҳибистиқлол ба иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Бухоро-Душанбе оғоз намуд. Тибқи иттилои аз маркази матбуоти ширкати номбурда ба СССР расида, парвози нахустин ба самти Бухоро 6.08.2018 иҷро гардида, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ, зиёиён ва гурӯҳи хабарнигорон аз зумраи мусофирони аввалини хатсайри мазкур буданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро дар фурудгоҳи шаҳри Бухоро бо нону намак ва меҳмоннавозии шарқиёна истиқбол намуданд. Ҳавопаймои Боинг 737 тибқи анъана аз зери равоқи обӣ гузаронида шуд. Мусофирони хастайри аввалинро ҳайати расмии шаҳрдориву фурудгоҳи Бухоро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ пешвоз гирифта, онҳо аз мавзеъҳои таърихии Бухоро дидан намуданд.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Бухоро-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе иҷро гардида, давомнокии парвоз 60 дақиқаро ташкил медиҳад.Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба роҳ монда, парвозҳо ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд рӯзҳои ҷумъа анҷом меёбад. Давомнокии парвоз дар ин масир 45 дақиқаро ташкил медиҳад.
Шурӯи парвозҳо аз Душанбе ба Бухоро аз ҷониби «Сомон эйр»
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар