ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: Бемории сил коҳиш ёфтааст

  • Душанбе, Нояб 19 2018

Табибони силшинос мегӯянд, ки аксарияти мардум  бемориҳои фарзандонашонро худсарона дар шароити хона бо истифодаи гӯшти саг, равғаниҳои хирсу ҷайра табобати мардумӣ мекунанд. Сӯҳроб Камолов, муовини сардухтури беморхонаи сил дар в.Хатлон, дар сӯҳбати СССР афзуд, ки табобат дар шароити хона ва пинҳон доштани бемории сил аз атрофиён ба хотири ангуштнамо нашудани беморон, бахусус духтарон, мавриди нигаронии табибон дар солҳои охир шудааст.
 Дар бархе ҳолатҳо, баъди муолиҷаи номуваффақ беморон билохира ба бемористон интиқол меёбанд ва дар бархе ҳолатҳо табибон мегӯянд, "кор аз кор гузаштааст." Тибқи маълумоти дарёфтаи СССР, 1 ҷавондухтари 20 сола аз минтақаи Бохтар, собиқ Қӯрғонтеппа, ки мо ному насабашро ошкор намекунем, 5 моҳ дар хона бо гӯшти сагу равғани хирс бар зидди бемории сил мубориза бурдааст. Ӯву модараш ин бемориро ба хотири ояндаи духтар, пинҳон доштанд. Вале муолиҷа мардумӣ дар шароити хона ҳолашро сангинтар кард ва модар маҷбур шуд, ки ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол диҳад. Ин духтар танҳо ҷавоне нест, ки бемории силро пинҳон доштааст. Сӯҳроб Камолов мегӯянд, чунин рафтори волидон хеле бад ва хатарнок аст, чунки шахси мариз на танҳо ҷони худро дар хатар мегузорад, балки хатари сироят кардани атрофиёнро ҳам зиёд мекунад.
   - Ҳолати пинҳонкории духтарон ҳаст, ба хотири оиладор шудан ин корро мекунанд. Гӯшти саг ё равғани хирс мехӯранд, ки онҳоро аз лиҳози равонӣ ба андеша мебарад. Фикр мекунанд, ки гӯё табобат мешаванд, вале чӯбчамикроби силро дору табобат мекунад. Гӯшти саг 1 хӯроки иловагӣ аст, табобат намекунад. Духтарҳои 18 ё 19-сола бо нишонаҳои сил меоянд, ки намехоҳанд бистарӣ шаванд, ба онҳо мефаҳмонем, ки ин бемории сироятӣ аст, бояд бистарӣ шаванд, - иброз дошт Сӯҳроб Камолов.
    Бояд қайдл намуд, ки дар в.Хатлон аз сафи муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2016, 304 нафар, дар соли 2017, 266 нафар, дар 9 моҳи соли 2018, 209 нафар гирифтори ин беморӣ шудаанд.

Баҳодур Уроқов, СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter