ХАБАРИ ДОҒ

Шишаҳои сиёҳ ва афзоиши нақлиёт

  • Чоршанбе, Нояб 21 2018

Ҳамарӯза аз 8 самт ба пойтахти кишвар зиёда аз 60.000 воситаҳои нақлиёт-ба ҳисоби миёна бо 300.000 мусофир ворид мегарданд.

24.10.2018 Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшишаро дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ироа намуд. Дар ин пешниҳод гуфта шудааст, ки оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашӣ машғуланд, бояд манъ карда шаванд. ..

Пешниҳод буд, на манъ!
Чуноне ки дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР Фирдавсӣ Саидзода, муовини раиси ш.Душанбе қайд намуд, манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша танҳо пешниҳод буд, ки аз тарафи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҳукумати кишвар ироа гашт. Аммо мардум, хосса намояндагони ВАО онро нодуруст фаҳмида, дарҳол дар бораи манъ шудани истифодаи шишаҳои сиёҳ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, алалхусус таксиҳо ахбори нодуруст паҳн карданду ба мардум-ронандаҳо иттилои ғалат доданд. Ҳукумати ҶТ ин пешниҳодро баррасӣ карда, дар доираи қонунгузории ҷорӣ дида баромада, вобаста ба ин пешниҳод тасмими ниҳоиро хоҳад гирифт, таъкид дошт Ф.Саидзода.

Нақлиёт дар пойтахт меафзояд!
Чуноне ки ба мухбири СССР, сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, Мӯҳсинҷон Муҳаммадӣ иброз намуд, агар дар с.2013 дар ҳудуди ш.Душанбе ҳамагӣ 57.671 адад воситаҳои нақлиёти гуногун ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад, ин шумора ба санаи 1.10.2018 ба 71.993 адад мерасад, яъне давоми 5 солу 9 моҳ 14.322 адад афзудааст. Дар ин давра ҳамчунин 48 адад истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ, 2 адад терминалҳои мусофиркашонӣ сохта ба истифода дода шуда, парки нақлиёти мусофиркашонӣ бо 186 адад автобусҳои нави шаҳрии ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯбуда таъмин шудааст.

Омори ташвишовар!
Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти шӯъбаи БДА дар ш.Душанбе хабар доданд, зимни назорати ҳамарӯза аз болои ҳаракат дар роҳ ва гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар умум 148.786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 661 адади он ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон содир гардидааст. Тибқи таҳлилҳо 27.661-қоидаваронкунӣ аз шумораи умумии ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоркардашуда 18,6%-ро ташкил медиҳад, ки ин шумора хеле калон ва ташвишовар аст. Ин дар ҳолест, ки шумораи умумии нақлиётҳои мусофиркашони пойтахт нисбати шумораи умумии воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди ш.Душанбе буда 3.3%-ро ташкил медиҳанд. Иловатан, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дар ҳудуди ш.Душанбе 18 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2 нафар ба ҳалокат расида, 16 каси дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Камбудӣ зиёд аст!
Ин нуктаро Шариф Назарзода-сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе дар яке аз охирин вохӯриҳои худ бо сардорону директорони ширкатҳои нақлиётии пойтахт арзёбӣ карда буд:
-Бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ҳанӯз ҳам камбудию норасоиҳо дар хизматрасонии нақлиётӣ ва риоя нашудани талаботи меъёрҳои муқарраршудаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ҷой доранд. Хосса, надоштани либоси ягона ва мутобиқ набудани намуди зоҳирии ронандагон ба талаботи шаҳрдорӣ, дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, берун аз истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ таваққуф ва бо дарҳои кушода идора кардани воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ беасос баланд бардоштани нархҳои танзимшавандаи хизматрасонӣ ва рӯз аз рӯз тамоюли зиёдшавӣ доштани сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷой доранд, ки ин ҳолатҳо боиси халалдор шудани натиҷаҳои ба дастовардашуда мегардад, -  гуфтааст Ш.Назарзода.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter