ХАБАРИ ДОҒ

Юсуфи гумгашта пайдо шуд!

  • Чоршанбе, Нояб 21 2018


Апаи Гадобегим ва акаи Ғойиб қариб 30 сол ғам хӯрданд. Модари пуралам аз мардум гӯшанишинӣ карда, писари бенишон гумшудаашро нола мекард, то каме ҳам бошад ғубори дилро берун кунад. Дар ин муддат падари ғамзада аз олам даргузашт. Акнун барои Гадобегим вафоти шавҳар, ки якҷоя 50 сол умр ба сар бурда, 10 фарзандро ба воя расонидаанд, аз гум шудани фарзанд фоҷиаи камтар набуд. Гарчанде аз гум шудани фарзанд қариб 30 сол гузашта бошад ҳам, аммо дар 1 гӯшаи дилаш умеде дошт, ки фарзандаш зинда аст. Ҳарчанд ҳамсояҳо ва хешу табор тасаллӣ дода мегуфтанд, ки шукри боқимондаҳояшро кунад, аммо онҳо намедонистанд, ки дили модар барои ҳар 1 фарзанд ҷои алоҳида дорад ва онро танҳо ҳамон фарзанд метавонад пур кунад.

Гусели аскарбача
Соли 1988 акои Ғойиб чорпо кушта ҳаққу ҳамсояҳоро зиёфат дода, писараш Нодирро ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш аз Автовокзали Норак ба сафи Армияи Советӣ тантанавор гусел кард. Дар муддати қариб 15 рӯз Нодир ба ҷои хизмат-Приморский край расида дар қисми сохтмончӣ адои хизмат мекунад. Дар арафаи “дембель” ба падараш телефон мекунад: “Падарҷон, имконият дошта бошед бароям пул фиристед, то ман бо либосҳои гражданӣ ба хона биёям”. Падар мегӯяд: “Писарам, аввал ин, ки аз рӯи қоидаи аскарӣ, ту то ҷои зистат бояд бо либосҳои аскарӣ омада, дар қайди комиссариати ҳарбӣ бимонӣ. Яъне, ки қарзи граждании худро адо кардаӣ, пасон чӣ хел либосе мепӯшӣ, ихтиёрат. Дуввум, ин ки мо ҳамроҳи модарат боз 9 тани дигар хӯранда дорем, шароити зиндагӣ хуб нест, вазъ ноором аст (с.1990)”...

Авлод Нодирро меҷӯяд
Намедонем аз чӣ бошад, ё номус ё ранҷиши ҷавонӣ, ки алоқа канда мешавад. Дар ин муддат Нодир дар яке аз заводҳои ш.Арсеновкаи кишвари Приморе, ки на чандон аз ҷои хизматаш дур буд, ба кор медарояд. Охири с.1990 ҳодисаҳои барҳамхурии СССР ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пеш меояд. Ҳамон солҳо ӯ ҳамроҳи 1 ҳамкори хуҷандиаш, ки дар завод шинос шуда буданд, майли омадан ба Ватан мекунанд. Дар марзи Русияю Қазоқистон ҳуҷҷатҳои онҳоро тафтиш карда, милитсияҳо хуҷандиро куҷое мебаранд, 2 соат мегузад, аз ӯ дараке нест. Дар ин асно аз касе мешунавад, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар шудаву ҳама роҳҳою сарҳадҳо бастаанд. Инро фаҳмида ноумед шуда, аз нияташ мегардад ва ба ҳамон ҷои кораш бармегардад. Бо ҳамин, риштаи муошират бо пайвандон то с.2015 канда мешавад.  Дар ин давом амакҳояш Ҳабиб, Насрулло ва Саъдӣ, ки одамони шинохтаи нораканд, талошҳо карданд то додарзодаашонро зинда ё мурдаашро пайдо кунанд. Аммо бе натиҷа...

Очаи чашмбароҳ
Тифоқо, зиндаву саломат будани ӯ вақте муайян мешавад, ки Абдулло-писари тағоиаш ба воситаи интернет бо духтаре шинос шуда, баъди пурсупоси зиёд духтар мегӯяд, “аз рӯзе худамро медонам, 1 тоҷики зардина дар гузари мо ба кори деҳқониву чорводорӣ машғул аст. Зану фарзанд дорад, аммо номашро намедонам”. Аз рӯи гуфтаи духтар бисёр нишона-параметрҳои ин нафар ба Нодир мувофиқ меоянд, синну солаш низ. Бо розигии духтар ба ҷои зисти гумшуда меоянд. Дар мулоқот Абдулло ӯро мешиносаду мепурсад: “Ту маро шинохтӣ?” Нодир мегӯяд: “Не”. Ман писари тағоят-Партов. Баъди каме сукут ҳар 2 якдигарро ба оғӯш гирифта, мегирянд. Нодир ҳамроҳи хонаводааш Абдуллоро меҳмоннавозӣ ва бо писари 23-солааш Денис ва духтари 10-солааш-Зарина шинос мекунад.

Бозгашти Юсуф
Дар ҳамон асно ба Норак дар бораи зиндаву саломат будани Юсуфов Нодир Ғойибович (соли тав. 1969, зодаи д.Даҳанаи ш.Норак) телефон мекунанд. Албатта, хурсандии модар, хоҳару бародар, хешу таборро тасвираш оҷиз аст. Рӯзи 3-ноябр борони бошиддат меборид, модари бечора аз Худои бузург илтиҷо мекард, ки рӯзи дидорбинӣ бо писари гумшудааш офтобӣ бошад. Худо сахист, илтиҷои модар ва наздиконро шунид: рӯзи беҳтарин-офтобӣ дар минтақа шуд. Лаҳзае модар фарзанди гумшудаашро ба оғуш кашид, ту гӯӣ баҳор дар олам ҳукмрон гардид...
Он рӯз Даҳана тантана дошт. Онҳое низ омаданд, ки 27 сол пеш чилу соли ӯро хӯрда буданд. Ин дидорбинӣ барои ҳама аҷибу ҳайратовар буд. Апаи Гадобегим 1 буқачаи 2-солаашро хун карда, ба омадаҳо ним коса шӯрбо мекашиду худ бо даст пешашон мегузошту шукри Худо мекард, ки Юсуфи гумшудаашро овардааст...

Пасгуфтор
Саргузашти Юсуфи канъонӣ ба саргузашти Нодир Юсуфи норакӣ шабоҳате дорад: давомнокии гумгаштаҳо ҳам-30 сол, ашкҳои шашқатори Ҳазрати Яъқуб ва апаи Гадобегим низ. Танҳо фарқ ин аст: ба Юсуф акаҳояш хиёнат карданд, ба Нодир замона-барҳамхӯрии СССР! Дигар тафовут: Юсуф дар Миср подшоҳ шуду Нодир дар Арсеновкаи Русия-чӯпон.
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!

Зиёратуллои Назрулло,
узви хонадон, ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter