ХАБАРИ ДОҒ

Шамсия даъвои модарӣ надорад

  • Ҷумъа, Нояб 30 2018


Шамсия ба суди ш.Бохтар аризаи даъвоӣ навишта, мехост духтараш Умедаро бо роҳи қонунӣ баргардонда гирад. Суд даъвои ӯро қонеъ кард ва бо 1 қарор ба Шабистон-модари ғайрибиологӣ мӯҳлат дод, ки Умедаро ба модари аслияш-Шамсия баргардонад. Аммо Умедаи 8-сола аз қарори суд розӣ набуд ва мехост, бо Шабистон истад. Баъди баҳси тӯлонии 2 модар, ки яке Умедаро таваллуд кард ва дигаре аз 30-рӯзагӣ ба тарбият гирифт…ҳақ ба ҳақдор расид!
 Шамсия-модари биологии Умеда аз даъвои судии худ даст кашида, дар суҳбат бо СССР гуфт, ки «ман ҳам модарам ва касе намехоҳад фарзандашро аз  модар ҷудо кунанд. Ашки духтарамро дида, дилам реш-реш мешавад, гарчанде ӯро ба воя нарасонда бошам ҳам, дар батнам 9 моҳ калон кардаам. Ман ҳоло дигар баҳси судӣ намекунам. Танҳо мехоҳам, ки Шабистон Умедаро насиҳати дуруст кунад, ки ман ҳам модараш ҳастам ва меҳри модарӣ дорам. Бо аҳлу оилаамон рафту омад кунад».
Ёдрас мекунем, ки Шабистон дар 13 соли зиндагӣ, бо сабаби бемории шавҳараш фарзанддор нашуд ва тасмим гирифт, аз хонаи ятимон кӯдакеро ба фарзандхонӣ қабул кунад. Лек бо дахолати хусур Умедаи навзод-тифли бародари шавҳарашро ба фарзандхонӣ гирифт.
Моддаи 3-уми Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак низ мегӯяд, ки ҳамаи амалиётҳо бо назардошти ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак баррасӣ шаванд. Агар кӯдак ба нафаре, ки модараш нест, аммо ӯро тарбия кардаасту дилбастагии зиёд дорад, истодан мехоҳад, бояд ҳатман суди марҳилаи аввал инро ба назар мегирифт. Ҳамчунин моддаи 12-и ин Конвенсия мегӯяд, ҳар кӯдак нуқтаи назари худро дорад. Тавре медонем, мафҳуми кӯдак аз рӯзи таваллуд то 18-солагист. Мо метавонем!

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter