ХАБАРИ ДОҒ

Пулҳои роҳи оҳан навсозӣ шуданд

  • Ҷумъа, Нояб 30 2018


Имрӯз  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъди  навсозӣ кӯпрукҳои  роҳи оҳан ва мошингард, ки дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Синои   ноҳияи Синои пойтахт  ҷойгирмебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  5 июли соли 2018 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Фармоишгари лоиҳаи иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷиклоиҳа-Инвест» тарҳрезӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоотро Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» ва Корхонаи воҳиди давалатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» анҷом додаанд.
Иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард иборат буда, зимни анҷоми корҳо масоҳати беш аз 1,5 км роҳҳо бунёд ва   навсозӣ гардиданд.
Баландии такядеворҳои пул 5 метр буда, тамоми деворҳо бо сангҳои хоро  ва роҳравҳо бо тахтасангҳо оро дода шудаанд…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter