- Дар бинои МИҲД дар ш.Бохтар рӯзи шанбеи гузашта бо ширкати бевоситаи раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз кору ҷаласаҳои зиёди ҳукуматӣ Абдуалим Исмоилзода ҳамеша саъй мекунад шахсан дар қабули шаҳрвандон шитирок намуда, арзи мардумро бишнавад. Инчунин дар қабул муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо иштирок намуда, Абдуалим Исмоилзода ҳар 1 сокини шаҳрро, ки бо мушкил ба наздаш бо арз омада буданд, шунида, барои ҳалли онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
Тибқи мушоҳида сокинони шаҳр бештар бо масоили хонаводагӣ меоянд ва проблемаҳоеро дар назди раиси шаҳр мебардоранд, ки салоҳияташ бо суд вобаста аст. Одатан, занон аз шавҳарону модарон аз фарзандони хеш арзу шикоят намуда, ҳатто пирамарди 74 солае ба қабул омада гуфт, ки аз дасти бемеҳрии фарзандон бо кампираш қасд бар ҷони худ карданист…
Абдуалим Исмоилзода, изҳор дошт, ки роҳбарон вазифадоранд дар ҳамаи самтҳо бо сокинон ҳамкорӣ намуда, баҳри ҳалли мушкилашон мувофиқи қонун мусоидат намоянд.
Юсуфӣ Баҳодур, СССР, вилояти Хатлон