Аз 23 то 25 апрел дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои шиддатнок дар назар аст. Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор медиҳад, ки сокинони кишвар аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.
Ба иттилои аз маркази матбуоти КҲФ ба мухбири СССР расида, 24 апрел дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши боронҳои ниҳоят шиддатнок дар назар дошта шуда, дар ш.Душанбе низ борон шиддат гирифта, эҳтимолияти то 1 шабонарӯз боридани он дар назар аст. Дар ин шабу рӯз дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Ваҳдат, шаҳри Хучанд, Панҷакент, Истаравшани вилояти Суғд ва шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Данғара, ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ ва Ш. Шоҳини вилояти Хатлон низ боронҳои ниҳоят шиддатнок меборанд.
Шаби 24 ба 25 апрел дар натиҷаи боридани боронҳои шиддатнок якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу Хингоб, Кофарниҳон ва Варзоб аз эҳтимол дур нест. Инчунин дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари фаромадани сел ва ярч дар назар дошта шудааст.