Нархи 1 кило гӯшти гов имрӯз дар растаи гӯштфурӯшони бозори «Саховат»-и пойтахт 47 сомониро ташкил медиҳад. Нархи 1 кило гӯшти гӯсфанд 45 сомонӣ арзиш дошта, ҳамарӯза ба бозор то 350 кило гӯшти гов ва то 200 кило гӯшти гӯсфанд ворид карда мешавад.
Тавре дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР Сайвалӣ Сабзаев, директори КВД «Бозори «Саховат» иброз намуд, бо мақсади ғановати бозор ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия рӯзи 8.08.2019 аз 3 ноҳияи вилояти Хатлон 4220 кило пиёзу картошка, сабзиву қаламфури булғорӣ, помидору бодиринг ворид карда шуда, дар ярмаркаи ташкилнамудаи маъмурияти бозор бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шудааст. Воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ба бозор имрӯзу фардо низ давом хоҳад ёфт.
Нархи 1 кило пиёз ҳамин ҳоло дар бозори «Саховат» 2 сомонӣ, помидор 3 сомонӣ, бодиринг-2 сомонӣ, боимҷон-1,5 сомонӣ, картошка-2 сомониро ташкил медиҳад. Арзиши меваю сабзавот низ назар ба дохили бозор нисбатан арзон буда, қимати 1 кило ангуру шафтолу ва себ аз 6 то 8 сомониро ташкил менамояд.
Директори бозори мазкур таъкид менамояд, ки дар сурати даст ба фиребу гаронфурӯшӣ задани гӯштфурӯшон харидорон метавонанд ба ситоди маъмурияти бозор муроҷиат намоянд.