Дардеву дареғо...Охири моҳи август аз Муборакшо рақами телефонашро гирифтам ва занг задам. Хеле овози хаста дошт, мегуфт асаб ғам медиҳад. Вале шукр хубам.
Бо Валиҷон ҳамкор будем дар радио. Ҷавоне буд кӯшо ва муҳимтар аз ҳама меҳрубон, покизагуҳар. Боре бо худораҳматии Олим Зарробек Бадахшон сафари хидматӣ рафтем. Ва чун ба Ванҷ расидем, ба Олим гуфтам, хуб набошад, ки Ванҷ оему деҳаи Валӣ наравем. Гуфт ӯ, ки дар пойтахт аст. Гуфтам хеле аз деҳааш ситоиш мекард, мехоҳам бубинам.
Ва рафтем Ванвани боло. Ба назарам бо Ванван ин бахши Ванҷ поён меёфт, пушти деҳа куҳҳои баланд буданд. Мошини мо то дари хонаи падари ӯ нарафт. Хеле поинтар онро гузошта, худ пиёда ба хонашон расидем. Ҳокими Азиз ҳам бо мо буд, ёдам рафт боз кӣ буд.
Хулоса шабро он ҷо гузаронидем, бо падараш, ки марди хеле меҳрубон буданд (намедонам дар ҳаёт бошанд), то дергоҳ суҳбат кардем. Ҳанӯз ҳам симои Ванван пеши назарам аст. Чун баргаштем, ба Валӣ гуфтам мо Ванванат рафтем, манзараҳои шигифтангез. Вале болотар аз ин ҳама пайвандонат аҷаб инсонҳое, ҳамсоягонат низ. Мисли кӯдак шод шуд, ки о Бобое, рафтиву маро хабар накардӣ. Инак, Валиҷон, ҳоло ту рафтиву маро хабар накардӣ, ки азми сафар дорӣ. Дидорҳо ба қиёмат монд. Хонаи охиратат обод бошад!
Бобочон Шафеъ
журналист