Додгоҳи вил.Хатлон сокини н.Вахшро Маҳмсадшариф Раҷабовро бо моддаи 177 қисми 1, яъне пардохт накардани алименти фарзандонаш гунаҳкор дониста, 1 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Тавре Фатҳиддин Додоматзода, судяи суди вил.Хатлон ба мухбири СССР нисбати ин қазия иттиллоъ дод, Маҳмадшариф Раҷабов соли 2000 сол бо ҷабрдида Б.Самадова бо бастани ақди никоҳи расмӣ ва урфу одатҳои милливу динӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагонии якҷояашон соҳиби 3 фарзанд гардидаанд. Онҳо 26.05.2006 аз ҳам ҷудо шуда, баъдан ҷабрдида Б.Самадова бо аризаи даъвогӣ ба суди н.Вахш муроҷиат кард. Дар асоси ҳалномаи суд барои таъминоти ҳар 1 фарзандаш ба андозаи 70 сомонӣ дар ҷамъ барои 3 фарзанд 210 сомонӣ ҳар моҳ алимент рӯёнда мешавад. Маҳмадшариф Раҷабов аз соли 2006 то моҳи марти 2019 ба ҳар баҳона алименти фарзандонашро пардохт накарда, дар маҷмӯъ то 6.03.2019, 15540 сомонӣ ба ҷабрдида зарари молиявии иҷтимоӣ расондааст.
Фатҳиддин Додоматзода, иброз дошт, ки суди марҳилаи 1-ум Маҳмадшариф Раҷабовро 1 сол аз озодӣ маҳрум карда буд ва тибқи талаботи қисми 10 моддаи 49 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 1 шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ 50% 1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 11 ҳамин мода пешбинишуда баробар аст. Маҳкушуда М. Раҷабов аз санаи 6.03.2019 то 3.04.2019, яъне 29 шабонарӯз дар маҳбас буда тибқи талаботи қисми 10-и моддаи 49 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маблағ 14,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 797, 50 сомонӣ кам карда шудааст.
Баҳодур Уроқзода, СССР, вил.Хатлон