ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Паспорт гир!

  • Чоршанбе, Дек 18 2019

 

Шиносномаивазкунӣ имрӯз шаҳрвандони кишварро нигарон кардааст, зеро ба ғайр аз маблағи иловагӣ, боз навбатпоӣ ва ҳаёҳӯй барои иваз кардани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ мардумро саргардон мекунад. Бо супориши редаксия мо ҳафтаи равон аз вазъи шиносномаивазкунӣ дар 2 шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД-ҳои пойтахт-Шоҳмансур ва Сино дидан кардем.

Навбатпоӣ ва саргардонӣ

09.12.2019. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Дар назди шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар н.Шоҳмансур новобаста аз ин вақти рӯз одам хеле зиёд ба назар мерасид. Бархе дар навбат барои супоридани ҳуҷҷатҳо, қисми дигар дар навбат барои иваз кардану гирифтани шиносномаҳои нав меистоданд. Аз рӯи мушоҳида наздики 40 нафар навбат гирифта буданд. Милисаҳои назди дами дар такрор ба такрор мардумро аз он огоҳ мекарданд, ки ҳарчӣ зудтар шиносномаҳои қоғазии хешро ба пастикӣ иваз кунанд, зеро баъдан, бо гузашти мӯҳлати шиносномаивазкунӣ, ба маблағи 150 сомонӣ ҷаримабандӣ карда мешаванд. Инчунин, ба гуфтаи милисаҳои посбон агар шаҳрвандон шиносномаҳои хешро иваз накунанд, бо шиносномаҳои қоғазӣ аз бонкҳо на пул гирифта метавонанд ва на равон карда, бо шиносномаи кӯҳна сим-кортҳоро низ дубора ба қайд гирифта намешавад. Тавре огаҳӣ ёфтем, дар шуъба барқ хомӯш шуда будаасту мардум беш аз 2 соат дар интизори омадани қувваи барқу навбати худ нишаста буданд. Маҳз ҳамин навбатпоии зиёд шаҳрвандонро нигарону нороҳат кардааст.

  Навбат, навбат ва боз навбат

Зимни суҳбат Гулҷеҳра Меҳрабоншоева, 1 сокини Душанбе, ки дар назди шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар н.Синои пойтахт дар навбат меистод, чунин ибрози ақида кард: “Ман барои иваз намудани шиноснома худ 1 моҳ пеш ҳуҷҷатҳои лозимаро супорида, пас аз 30 рӯз дастрас намудам. Намедонам барои чӣ ин кор  лозим бошад, вале аз сабабе, ки қонун инро талаб мекунад, мо маҷбурем шиносномаҳоямонро иваз намоем. Хуб мешуд агар 1 реҷае барои қабул кардани сокинон муайян карда шавад, зеро мардум дар 1 шуъба ҷамъ шуда, барои навбат доду вой мекунанд. Барои иваз намудани шиноснома барои шаҳрвандон вақти  зиёд бояд диҳанд. Масъулон бояд бо тартиб корҳои худро анҷом диҳан, масалан ман чандин соат дар навбат истодаам”.

    Муттаҳир Маҳбачоев, ҳамсуҳабати дигарамон дар ин маврид афзуд, ки “шаҳрвандони тамоми кишварҳои ҷаҳон кайҳо ба шиносномаҳои пластикӣ гузаштаанду ин талаботи рӯз аст. Агар имрӯз аз ин навбатпоӣ хаста шуда бошем, фардо вақте ба даст шиносномаҳои худро мегирем, ҳатман хушҳол хоҳем шуд”.

 Санам Яқубова, яке аз масъулони шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД дар н.Шоҳмансур мегӯяд, ки кор дар шуъбаҳои мазкур аз рӯи реҷаи махсус ташкил шуда, шаҳрвандон метавонанд аз соати 8-и субҳ то соати 22-и шаб бидуни навбатпоӣ ва ҳаёҳӯй бо пешниҳоди номгӯи тамоми ҳуҷчатҳои лозима барои шиносномаивазкунӣ дархост намоянд. Вале аз чӣ бошад, ки мардуми мо маҳз навбатпоиву субҳро авлавият медиҳанд. Вагарна бегоҳ шуъбачао қариб, ки холиянд...

 

Достиева Омирона ва Шарипова Саҳоба 

Коромӯзони СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter