Худоёрзода Худоёр Завқибек, Вазири нақлёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29.01.2020 зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон иброз намуд, ки мусофирон бояд ақидаи ҳамлу нақлро фаҳманд. Агар ронанда ҳуҷҷати ронандагӣ надошта бошад, нақлиёти вай ба талаботи имруза ҷавобгуй набошад, савор нашавед ва ҳаёти худро дар хатар нагузоред! Зеро ҳастанд дар хатсайрҳо автобусҳое, ки ба талаботи имруза ҷавобгӯ будаву тамоми шароитҳоро доранд. Марҳамат бе ягон мушкилот ба онҳо савор шавед. Вале вазир нагуфт, ки чаро нақлиёти бе ҳуҷҷат, бе “шароити имрӯзаи муосир” ва бе иҷозат дар роҳу ҷодаҳо мегарданду мусофири бечора аз куҷо дарк мекунад, ки ин нақлиёт қонунист ё хайр? Ва назорат аз рӯи нақлиёт бар зиммаи кист?
Дар охир вазир иброз намуданд, ки аз ҳамаи шумо-хабарнигорон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар назди истгоҳҳо агар шумо таксии 3333, 4444, олуча-такси ва дигар автомошинаҳои шахсиву давлатиро бинед, ки роҳҳоро бастаанд, акс гирифта, ба воситаи фейсбук ба сайти мо партоед. Мо ҳатман чораашро меандешем. Зеро ҳамин таксиҳо сабабгор мешаванд, ки хати тралейбусҳо дар роҳҳо канда шавад, автобусҳо дер оянд, мусофирон азоби рӯҳию маънавӣ кашанд. Истгоҳ макон ё худ гаражи таксиҳо нест ва дар истгоҳ бояд фақат тролейбусҳо, автобусҳо истанд. Хадамоти нақлиёт бояд инро назорат кунад.
Омиронаи Сайёф