ХАБАРИ ДОҒ

Ман аз ОМӮЗГОР бахшиш намепурсам!!!

  • Чоршанбе, Фев 05 2020

Ҳар сол, бо дидани буҷети нави Тоҷикистон мағзам фишор мехурад. Як чиз шигифт меорад, ки бо ҳама нодорию нотавонии кишвар, аз панҷ як пораи буҷет, аз 26 миллиард беш аз 5 миллиард пул барои омӯзишу парвариш, ё "маъъориф" ҷудо мешавад. "Аммо, вале, лекин...."

Бовар кунед, ки бо ин "маъъориф" е, ки дорем, ояндаи ториктарин моро дар камин аст. Оё медонем, ки беш аз 90% мардуми мо, он чӣ мардуми дигар сохта аст, корбурд кардан наметавонад? Аз роботу ҳуши сохтаю космосу нано намегӯям, оё чанд % мо аз техникаҳои содатарини рӯзгор корбурд кардан метавонад? Сохтан не, соз кардан не, кор фармудан!!!

Чанд % "ҳушёр" фарзандонашонро дар дигар кишвар мехононанд. Ҳич хубӣ надорад. Дар мардумие, ки сиёҳӣ зер карда бошад, фарзанди донишгирифтаи шумо нишони тир мешавад. Саркӯбаш мекунанд. Ё ҳамаи мардум рӯ ба дониш меорад, ё дониш зоғи ало мешавад. Дигар роҳе ҳаргиз набуда аст. 

Чандин бор навистаю "гап шунидаам", лекин боз менависам: дар 100 соли гузашта, ҳамаи сангинии рӯзгори мардуми мо бо дасти омӯзгорон сохта мешавад. Оре, бо дасти омӯзгорон! Чунки ҳамаи "ҳавзаҳои интихоботӣ" дар дабистонҳоянду "комиссия" омӯзгорон. Пештар аз омӯзгорони тозадаст бахшиш мехостам, ин бору дигар бор не. 

Омӯзгорони арҷманд! Ҳамаи "интихобот" дар дасти шумост! Дар дасти системаи шумост! Ин шумоед, ки ё аз тарс, ё аз худширинкунӣ, ё барои кадом чизи беарзиш сарнавишти мардуми худро ба дасти бесаводон медиҳед. Ҳамаи омӯзгорон номи ҳамкорони чиркини "интихоботсоз" и худро медонанд! Ҳамаашон медонанд ва чизе намекунанд! Барои ҳамин бахшиш намепурсам. 

Ҳамин сиёкорӣ аст, ки ҳарчанд панҷяки буҷет ба номи шумост, шумо камбағалед. Дар ғами мардум, ки нестед, ҳич не дар ғами худ бошед??? Чаро шумо дуздонеро "интихоб" мекунед, ки фардо пули кори шуморо дузданд? Оё ин дуруст аст?

Як ҳампешаам Завқибек Саидаминӣ номзадии худро гузоштаст, номнавис кардаст, офаринаш. Лекин шумо боз чӣ хеле, ки Раҷаби Мирзоро нагузоштед, намегузоредаш. Овозҳояшро медуздед. Медуздеду ба дузди дигаре медиҳед. Чун ҳамеша. Чунки Раҷабу Завқибекҳо дуздиро наметавонанд, пули шуморо намедузданд. 

Донеду огоҳ бошед, ки виждон чизи буда аст. У ҳаст. Рӯзе гиребонгиратон мешавад. "Чаро бад кардам? Чаро дидаму хомӯш нишастам? Чаро донистаму накардам?" Ин пурсишҳо рӯзгоратонро аз дарун месӯзад.

То омӯзгори мо ОМӮЗГОР нашавад, то фасодро аз бадани худ берун наронад, то дасти сиёҳ ба овози мардумон назанад, панҷяку чоряки буҷет ба номи "маъъъориф" ҷудо шуда, "дерибан" мешаваду мардум мардикору омӯзгор гурусна хоҳад монд.

 

С. Бурҳонов

Одесса

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter