Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар ҶТ, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад, имрӯз ба аҳолии кишвар дар мавриди пӯшидани ниқоб ва фосила гирифтан аз ҳамдигар Муроҷиатнома паҳн кардааст.
Дар муроҷиатнома чунин омадааст:
«Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда, ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии ӯзбекистон, Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.
Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд».
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар ҶТ ҳамчунин аз тамоми сокинони мамлакат, ки аз минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба ш.Душанбе меоянд, даъват ба амал меорад, ки бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.
Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар мамлакат нисбате нафароне, ки ин қоидаву тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.