ХАБАРИ ДОҒ

Човандоз аҷаб сар-сари пушта...

  • Чоршанбе, Июн 10 2020

(Human story)

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:48 дақиқа. Барои аспсаворӣ ба н. Хуросон сафар кардем. Ҳавои салқину гуворо ва тару тоза, насими гулу гиёҳи атромез рӯҳу равонро оромӣ бахшида, ба вежа дар ин рӯзҳои худкарантинӣ ба кас тавоноӣ мебахшид. Дар деҳаи Ғаллаобод аспсаворонро дида шод гаштем, чун мо тасмим гирифта будем, ки ҳатман савори асп мешавем. Вале ҳайрати мо канора надошт, чун соҳиби асп гуфт, бар ивази миллион сомонӣ низ моро савор намекунад. Зеро-афзуд ӯ-дар ин гармои тоқатфарсо, ситам бар аспи безабон нахоҳад кард. Мо маҷбур шудем, ки барои саворӣ то поин шудани шиддати гармо сабр кунем. Мо метавонем!

Ба 1 мард 20 асп кам аст!

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 17:48 дақиқа. Бо ҷавонмарди ҷасури аспбоз, ки худро  Қурбонов Давлтмурод Бобомуродович муаррифӣ кард, суҳбати хотирмоне намудем. Ӯ гуфт, “20 сол мешавад бо аспон сару кор дорам ва ҳоло соҳиби 24 асп ҳастам. Аспон моли хусурбурда, додарарӯсам мебошанду мо ман галабон. Шахсе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад, заҳматҳои маро мефаҳмад. Галлабонӣ подабонӣ нест! Малакаи махсус талаб мекунад. Зеро ҳар асп шахсият аст, диду назар ва хислати вежаи худро дорад!”.

Даромад аз асп

Давлатмурод Қурбонов афзуд, ки аз рӯи аспсавории туристон ва меҳмонон касби маоши рӯзгор мекунад: “Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 4 аспи боқуватро аз он тарафи кӯҳ ба инҷо меоварам. 1 соат аспсаворӣ 150-200 сомонист. Дар айни мавсими аспсаворӣ, ки ба мавсими хочу гулу гиёҳу баҳор рост меояд, рӯзе то 700-800 сомонӣ даромад дорем. Бо ин маблағ ҳам харҷи рӯзгор, ҳам ҷаву коҳи аспон ва низ ғизои хонаводаро фароҳам меорем. Яъне  рӯзгори худро таввасути аспдавонӣ ба пеш мебарам. 

Аспи хонагӣ ва адирӣ

Ба гуфтаи қаҳрамони репорти мо, аспе, ки дар хона ва барои саворӣ тарбият мегирад дигар асту аспи човандозӣ дигар ва аспони адирӣ, ки барои насланд тамоман чизи дигар. Ӯ гуфт: “ин асбҳоро ман дар хона худам нигоҳу бин менамоям ва фоидаи хуберо ба даст меорам. Аспҳои  хонагӣ танҳо дар хона парвариш мешванд. Онҳо танҳо коҳ, алаф, ҷав, юнучқа истеъмол менамоянд. Аспҳои хонагӣ ва дастомуз аз одамон дида бомеҳртаранд. Инро аз таҷруба мегӯям. Зеро аз қадим то ҳол авлоди мо ба аспбонӣ машғул аст. Дар муддати тӯлонӣ, аспҳо аз ҷумлаи муҳимтарин ҳайвоноти хонагӣ барои одамон буданд, аммо аҳамияти онҳо аз сабаби рушди механизатсия коҳиш ёфтааст. Қариб дар ҳама кишварҳо зотҳои зиёди аспони хонагӣ маълуму машҳуранд.  

Аспони сухангӯ

-Ман аз парвариши аспон роҳат мебарам-мегӯяд амаки Давлатмурод- вақте ки ман ба чашмони аспони худ назар менамоям баҳри дилам кушода мешавад. Ҳар саҳар аввал ба аспонам ҷав медиҳам, баъд худам наҳор мехӯрам. Ман забони аспонро мефаҳмам. 

- Забони аспонро мефаҳмед? Магар асп забон дорад???

- Чаро не? Забони аспон бисёр забою ғанӣ, нарм ва шевост. Мо фикр дорем, ки танҳо одамон гап мезананд. Вале асп низ бо соҳибаш сухан мекунад ва ҳар шаб то саҳар пеши Худо зикр менамояд ва саломатии соҳибашро дуо мекунад! Нафаре асп дорад, ҳамеша солим аст. Зеро аспаш ҳар шаб дар ҳаққаш дуо мекунад!

Деҳотиён бузургтар аз моянд

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 18:17 дақиқа. Бори дуввум аст, дар тӯли моҳи ахир ба деҳа меравам ва бо чашми сар мебинам, ки қишлоқиҳо дар нисбат ба мо-шаҳриён бузургтаранд, одамитаранд, меҳнату меҳмондӯстанд, бо обилаи даст нони худро ҳалол меёбанд. Вақте ману бародарам аспи Саманди Давлатмурод Қурбоновро, пас аз салқинии ҳаво, зин задаву савор шудем, дидам, ки ӯ бо чашмони дурахшон ба бодпои худ менигарист. Асп низ сӯяш нигоҳ дошт. Галабон ба гӯши асп хам шуда, бо меҳр гуфт:

 -Инҳо шаҳриянд, наафтонишон-а, эҳтиёт кун...

Асп гӯё ӯро шунид, дарк намуд ва ба мулоиматӣ ҳаракат карда, шиҳае заду чароғпоя шуд ва моро ба домани кӯҳсор кашид. Мо метавонем!

Омиронаи Сайёф 

Махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter