ХАБАРИ ДОҒ

 

   Сар аз 30.04. 2020 пас аз оне, ки нахустин беморони сироятёфта аз COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, корҳои безараргардонӣ-дезинфексия дар кӯчаву маҳаллаҳо, хиёбону гулгаштҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ ва биноҳои истиқоматӣ оғоз шуда, тавре аз гузоришҳои телевизионӣ бармеояд, то ба имрӯз ҳам дар тамоми кишвар идома доранд. 

    Ин хуб аст, вақте масъулон дар фикри солимии сокинону тозаву озода ва бидуни вирус будани муҳити зистанд. Бо гузаштии беш аз 1,5 моҳ шояд даҳҳо нафар гӯянд, ки оре, роҳраву биное, ки ман истиқомат мекунам, дар ин муддат 2-3 маротиба дезинфексия карда шуд, вале боз ҳам шояд даҳҳо нафари дигар бигӯянд, ки кӯчаву биное, ки мо зиндагӣ мекунем, ба гӯшаи фаромушӣ рафт ё барои дезинфексия аввал пул ҷамъ карданду пасон ба подъездҳо каме хлор пошида рафтанд. Ман ҳамчун сокини маҳаллаи 24-уми пойтахт-минтақаи Сирки н.Фирдавсӣ ба гурӯҳи дуюми сокинон шомил мешавам, ки дар бинои истиқоматии навбунёди 18-ошёна зиндагӣ карда, боре ҳам надидаам, ки сохторҳои дезинфексионии шаҳр дар он корҳои безараргардонӣ гузаронида бошанд.

Безараргардонӣ ё масъулкобӣ?

   Чун дидам, ки бо гузашти 1,5 моҳ нафаре аз сохторҳои масъули дезинфексияи пойтахту н.Фирдавсӣ ба суроғи мо-сокинони бинои навбунёд намеояд, худам дунболи онҳо шудам. 

   Нахуст ба Раёсати тандурустии ш.Душанбе муроҷиат кардам. Дар онҷо посух доданд, ки масъулияти корҳори безараргардонӣ дар пойтахт, бар дӯши Стансияи дезинфексионии ш.Душанбе, воқеъ дар к.А.Дониш, дар гардиши фурудгоҳ будааст. «Пири ту мардон!»-гуфта он ҷо рафтам. Вале аз онҷо маро ба Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ дар н.Фирдавсӣ равон карданду санитарҳои ноҳия бошанд дар навбати худ ба Раёсати хоҷагию-манзилии микрорайон, ки сардораш шахсе бо насаби Сайфуллозода асту чанд рӯз шуд ӯро намеёбам…

   Бояд гуфт, ки дезинфексияи биноҳои истиқоматиро дар н.Фирдавсӣ ин 2 сохтори ахир байни ҳам тақсим карда, якеро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маблағгузорӣ мекунаду дигареро МИҲД н.Фирдавсӣ. Тибқи қарори вежаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ корҳои безараргардонӣ дар баробари иншоотҳои муҳиму биноҳои маъмурӣ ва маишӣ дар биноҳои истиқоматӣ, новобаста аз ҳама ҳолат бояд гузаронида шаванд, вале чаро кормандони Сайфуллозода аз бинои мо, ки навбунёд аст, сарфи назар мекунанд, наметавонам бифаҳмам?! Боз ҳам дар он замоне, ки бино бо сохтори зертобеи мавсуф шартнома дорад…

   Магар дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Сайфуллозода ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин дахл надорад!? Чанд бинои дигар дар ин ноҳия ба гӯшаи фаромушӣ рафтаасту касеро парвое на! Дар замоне, ки тамоми сайёра бо ин пандемия мубориза мебараду мардум оламро дезинфексия доранд, мо бошем идора ба идора гашта, масъул мекобем!!!

Дезинфексия ройгон аст!

   Тавре дар суҳбати ихтисосии худ бо мухбирони Газетаи мардумии СССР Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе таъкид дошт, чорабиниҳои безараргардонӣ дар ҳудуд ва атрофи биноҳои истиқоматӣ айни замон тариқи ройгон гузаронида мешаванд.

   Яъне, сокинони пойтахт ва на танҳо пойтахт, балки дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ бояд бидонанд, ки дезинфексия аз ҷониби сохторҳои маҳалии СЭС, Раёсатҳои хоҷагию манзилӣ айни замон ба таври ройгон гузаронида шуда, барои ин маблағҳои иловагӣ аз буҷаи Ҳукумати ҶТ ва МИҲД дар ҳар шаҳру ноҳия пешбинӣ ва ҷудо гардидааст. Ба ҷуз он ҳолатҳое, ки агар шумо аз хизмати ширкатҳои хусусӣ, амсоли КВД «Фавз» истифода накунед, дигараш ройгон аст, мардум!

Вале акнун, хонанда ба СССР нависад, ки барои безараргардонӣ-дезинфексия аз онҳо пул гирифтаанд, ё на? Ин хабарро мо ҳатман ба масъулин ва мақомоти назоратӣ мерасонем. Зеро Мо Метавонем!

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter