Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ барои ҳавасмандгардонӣ ва кумак расонидан ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои ш.Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, 4 913 300 сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Тибқи дастури раиси ш.Душанбе тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби МИҲД-ҳои пойтахт бояд то 8.09.2020 ба роҳ монда шавад.