Тавре сомонаҳои бархе аз лоиҳаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳанд, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз касалиҳои сироятӣ дар олам 8 699 256 нафар фавтида, омори марги кӯдакони то 5 сола 5 093 588 нафарро ташкил медиҳад. Занони олам дар 8 моҳи соли равон 28 511 436 исқоти ҳамл намуда, 1 миллиону 126 ҳазору 507 нафар аз бемории ВИЧ/СПИД фавтидаанд.
Тоҷикистон - 8583
Аз 30 апрел то санаи 31 августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8583 ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, то 31.08.2020 дар мамлакат 7376 (85,9%) нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, бар асари он 68 нафар фавтидаанд. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, танҳо дар 1 шабонарӯз-аз 30 ба 31 августи соли равон 33 ҳолати нави сироятӣ ба қайд гирифта шуда, 84 нафар таҳти назорати табибон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат ба хона ҷавоб дода шудаанд.
Қазоқистон- 131 596
Бояд гуфт, ки вазъияти авҷу хуруҷ ва паҳни бемории сироятии COVID-19 дар кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ то ба имрӯз нигаронкунанда боқӣ монда, то 1.09.2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 131 596 нафар , дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон-41 994 нафар ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон 43 958 нафар аз ин беморӣ сироят ёфта ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 дар ҷаҳон то 1.09.2020- 25, 485, 238 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 16, 820, 067 нафар табобат ёфта, 850, 544 нафар фавтиданд.
Наздики 20 миллион ҷон бохт….
Аз маълумоти гурӯҳи байналмилалии волонтёрони Worldometer бошад то ба имрӯз дар 25,16 миллион сокини сайёра коронавирус ошкор шуда, то субҳи рӯзи якшанбе, 30 август, бар асари бемории COVID-19 846 772 тан ҷон бохта, зиёда аз 17,5 миллион мариз шифо ёфтааст.
Аврупо марзҳоро мебандад
Шумораи сироятёфтагон дар Аврупои Ғарбӣ вақтҳои охир бо сабаби бозгашти аврупоиҳо аз рухсатиҳо рӯ ба афзоиш дорад. Кишварҳо маҷбур шудаанд, ки чораҳои пешгирии уфунатро дубора пурзӯр карда, аз ҷумла, дар Олмон чорабиниҳои калон ҳадди аққал то охири соли равон манъ шудаанд. Венгрия аз 1 сентябр дар байни давлати ИА аввалин шуда, сарҳадҳои худро барои шаҳрвандони хориҷӣ дубора баста, ин иқдом тӯли 1 моҳ эътибор хоҳад дошт.
Украина – 116 978
Қаблан, марзҳоро ба рӯи хориҷиён-ҳамчунон ба муддати 1 моҳ Украина баста буд, ки дар он ҷо афзоиши ҳолатҳои сироятёбии тасдиқшуда то 29 август (2481 ҳолат), аз ҳама зиёдтар пас аз нуфузи уфунат ба кишвар гардид. Шумораи умумии сироятёфтагон ба 116 978 нафар расид, 2492 тан аз онҳо ҷон бохта, 56138 нафар сиҳат ёфтааст.
Россия – 985 436
Дар Россия шумораи сироятёбиҳои нав аз нимаи моҳи август аз марзи 5000 зиёд нашудааст. Тибқи маълумоти ситоди фаврии ин кишвар, то 29 август 985 346 нафар гирифторони коронавирус ошкор шудаанд, 17 025 тан ҷон бохта ва 804.383 нафар шифо ёфтаанд.
ИМА пешсаф!
Барангезандаи бемории COVID-19 аз замони хуруҷ дар охири соли 2019 дар музофоти Хубэйи Чин ба беш аз 210 кишвар ва қаламрав нуфуз намудааст. Теъдоди бештари сироятёфтагон дар ИМА-6,13 миллион, Бразилия- 3,84 миллион ва Ҳиндустон -3,53 миллион сабт шудаанд.
ВИЧ/СПИД - 1.126.507 нафарро бо худ бурд
Авҷу хуруҷ ва паҳни бемории сироятии коронавирус дар охири соли 2019 ва баҳори соли 2020, ки пайомадҳои нохуш дошт, имрӯз ба бемории №1-и олам мубаддал гашта, гӯё, ки касалиҳои дигарро аз байн бурд. Айни замон мо маргу мири одамонро аз коронавирус ҳисоб карда, дар бораи фавтидагон аз дигар бемориҳо қариб, ки фаромӯш кардаем. Ҳоло он, ки ҳамарӯза дар олам миллионҳо нафар дар пайи бемориҳои дигар мемиранду қариб, ки касеро марги онҳо ташвиш намедиҳад.
Тавре сомонаҳои бархе аз лоиҳаҳои Созмони ҷаҳонии рандурустӣ хабар медиҳанд, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз касалиҳои сироятӣ дар олам 8 699 256 нафар фавтида, омори марги кӯдакони то 5 сола 5 093 588 нафарро ташкил медиҳад. Занони олам дар 8 моҳи соли равон 28 511 436 исқоти ҳамл намуда, 1 миллиону 126 ҳазору 507 нафар аз бемории ВИЧ/СПИД фавтидаанд.
Шумораи нафароне, ки пас аз бемории саратон аз олам чашм пӯшидаанд 5 миллиону 503 ҳазору 611 нафарро ташкил намуда, аз касалии сироятии вараҷа 657 ҳазору 305 нафар, аз кашидани сигор 3 миллиону 349 ҳазору 932 нафар, аз алкоголизм (майпарастӣ) – 1 миллиону 676 ҳазору 23 нафар, худкушӣ – 718 ҳазору 597 нафар ва аз истифодаи маводи мухаддир ҳамасола 450-600 ҳазор нафар мемиранд.
Ин омори танҳо чанд сомонаест, ки ба соҳаи тандурустӣ дар ҷаҳон бахшида шудааст. Дар шумораи оянда мо ҳатман омори маргумирро аз бемориҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ хоҳем кард.
Шералӣ Давлатов, СССР