- Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Банда мухлиси ҳамешагии газета буда, ҳар 1 шумораи онро пурра хонда, ҳатто бо ҳамсояҳо сари ин ё он мақола баҳс ҳам мекунем. Маро чанд вақт боз 1 андеша машғул кардааст ва ин ҳам бошад Вазорати кишоварзии мамлакат ва функсияҳои он.
Имрӯз масъалаи обу беҳдошти замин ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, содироти меваю сабзавот ба Агентии содирот, заминҳои кишоварзӣ, чӣ лалмиву чӣ обӣ ва чӣ шӯрзадаву аз кормонда ба Кумитаи замин ва геодезӣ вобаста шудааст. Ба ғайр аз ин масъалаи танзими нарху навои бозор, ки Вазорати кишоварзӣ умуман аз ӯҳдааш намебарояд, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ вогузор шуда, корхонаҳои воҳиди давлатие, ки зертобеи вазорати мазкур буданд, қариб, ки худашон фаъолияти хешро пеш бурда, масъалаи молиро низ мустақилона ҳал мекунанд. Ҳатто ҳамон малахе, ки ҳамасола дар ҷонамон задааст, хадамоти алоҳида шуд. Инҷо саволе ба миён меояд, ки Вазорати кишоварзии ҶТ ҳоло дигар барои чӣ лозим аст? Агар танҳо барои омодасозӣ ва баррасии чанд қонун бошад пас барои ин Маркази миллии қонунгузории кишвар ҳаст-ку?
Оё замоне нарасидааст, ки ин вазоратро барҳам дода, маблағи ҳамасола барои фаъолияти он ва кормандонаш ҷудо мешударо ба дигар самтҳо, аз ҷумла ичтимоиёт равона созем? Мутахассисони вазорат ҳеҷ гоҳ бе кор нахоҳанд монд!
Таваккал Нуров, нафақахӯр ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ