ХАБАРИ ДОҒ

Филми «Хиёнат» - исботи ҷиноятҳои наҳзат

  • Чоршанбе, Окт 07 2020

Рӯзҳои охир қисми чоруми филми мустанади «Хиёнат» тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, ки дар он асосан ҷиноятҳои мудҳиши ташкилоти терористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ  дар солҳои ҷанги дохилӣ, хусусан аз тарафи ин табоҳкорон гаравгон гирифтани одамон ва мавриди азобу шиканҷа қарор додану қатл кардани онҳо инъикос ёфтааст.

Албатта таҳиягарони филми мазкур шоистаи таҳсин ҳастанд, ки дар як муддати ниҳоят кутоҳ аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи мушкил ва пурмасъул бо сарбаландӣ баромадаанд. Зеро филм дар сатҳи зарурӣ таҳия гардида, бинандагон новобаста аз дараҷаи донишу фаҳмиш ва сатҳи  ҷаҳонбинӣ онро ба хубӣ дарк менамоянд.

Муҳиматар аз ҳама дар филми «Хиёнат» наворҳои воқеӣ, суханронии ҷабрдидагон ва шоҳидии иштирокчиёни амалҳои ҷинояткоронаи террористони наҳзатӣ тавре банду баст карда шудаанд, ки дар тасаввури ҳар як бинанада тамоми таърихи фаъолияти нангину зиддимардумии наҳзатиҳо ҳосил мегардад. Одамон бо тамошои ин филм аз мақсаду ҳадафҳои нопоки саркардагони ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷии онҳо огоҳ мегарданд ва дар хусуси амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои онҳо маълумоти дақиқ мегиранд. 

Хусусан, дар филми мазкур  аз тарафи дастаҳои қотили наҳзатӣ  гаравгон гирифтани одамон ва мавриди азобу шиканҷа қарор додану қатл кардани онҳо возеҳу равшан инъикос ёфта, бо далелҳо исбот гардидааст.

Гуфтан мумкин аст, ки ин филм ҷиноятҳои наҳзатиҳоро комилан ошкор кард. Зеро наворҳои воқеӣ, суханронию нақли собиқ гаравгонҳо, шоҳидии иштирокчиёни бевоситаи он амалҳо, яъне аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ пураа исбот кардаанд, ки гаравгонгирии одамон бо мақсадҳои расидан ба ҳадафи нопок ва рӯйёндани маблағҳои пулӣ як шеваи фаъолияти раҳбарияти наҳзати террористӣ будааст. Саркардаҳои наҳзатӣ ба дастаҳои қотили худ амр медодаанд, ки одамони бегуноҳро гаравгон гирифта, ба ивази раҳоиашон аз хешони онҳо маблағ талаб кунанд. Инчунин онҳо хориҷиён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва шахсони ба ақидаҳои касифашон мухолифро гаравгон мегирифтанд, то бо роҳи фишор овардан мақсадҳои худро амалӣ кунанд. Дар наворҳои филми мазкур ба таври возеҳу равшан омадааст, ки саркардаи ТТЭ ҲНИ аъзоёну дастаҳои қотили ин созмони террористиро ба куштани одамон ҳидоят мекунад.

Гаравгонгирӣ яке аз намудҳои маъмулии амалҳои террористӣ аст, ки наҳзатиён дар тамоми кишвар аз ин усули ҳаросафканӣ ва даҳшатафканӣ васеъ истифода бурдаанд. Онҳо ашхоси ба гарав гирифтаи худро бо бадтарин шаклҳои шиканҷа азоб дода, охиран онҳоро хунхорона ба қатл мерасониданд. Дар филми навбатии “Хиёнат” бархе аз он гаравгонгириҳои наҳзатиён, ки аъзоёни худи наҳзат аз даст доштани худ ба ин амалҳои террористӣ иқрор шудаанд ва шоҳидони зинда шаҳодат додаанд, рӯи навор омадааст. 

Ҳамин тавр, филми мазкур бори дигар собит намуд, ки ин палидону разилон ва бешарафону беномусон ҳеҷ гоҳ дар фикри оромию осудагии Тоҷикистон набуда, балки ҳамеша дар пайи тарҳрезӣ ва амалисозии амалҳои экстремистона ва террористонаи худ буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, террористони наҳзатӣ имрӯз дар хориҷи кишвар тарсуёна пинҳон шуда, ба миллат ва Ҳукумати кишвари худ бешармона санг мезананд ва мехоҳанд бо нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ кишварро ба гирдоби носуботиву нооромӣ рӯ ба рӯ кунанд.

Аммо дур нест он рӯз, ки ин бешарафон ва ватанфурушон дар аъмоли бади хеш гирифтор хоҳанд гашт ва сазои ин аз худбегонагиро хоҳанд чашид. Ҳар як шахси ватандусту меҳанпараст ба чунин иғвоҳои беасоси камдонишону беҳуввият фирефта нахоҳад шуд ва ақли солими худро дуруст истифода хоҳад кард. 

Имрӯз тамоми мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ гардидаанд, ки ташкилоти террористии наҳзатӣ сабабгори дар Тоҷикистон сар задани ҷанги дохилӣ буд, ки ба кушта шудани бештар аз саду панҷоҳ ҳазор тоҷикистониён, бехонумон шудани ҳазорон нафар  ва хароб гардидани мамлакат шуда буд. Ғайр аз ин ҷинояткорони наҳзатӣ баъд аз истиқрори сулҳ низ аз раҳи террору зуроварӣ даст накашида, амалҳои нангини худро идома доданд.

Ин буд, ки созмони мазкур баъди исботи тамоми ҷиноятҳояш бо қарори Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон гардид. Ҳамватанони мо бояд дониста бошанд, ки ҳар гуна ҳамкорию муносибат бо ин созмони зиддимардумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем ва дониста бошем, ки душмани аслии миллат ва давлати Тоҷикистон маҳз террористони наҳзатӣ мебошанд.

 

Парвиз Баҳриддинзода,

ходими илмии АМИТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter