Дӯстам ва дӯстони журналистам! Журналистика имрӯз дар дасти шумост. Як сутуни давлат шумоед, ки ин гуфтугӯ надорад. Касе шуморо кам мебинад, ҳамунест, ки дузд дар торикӣ, чизеро намебинад. Журналистика касби даркорӣ аст ва шумо даркорӣ ҳастед.
Баротон як овардае менигорам, худатон бинед, ки рост аст ё дурӯғ. Агар ба касе орд даркор шуд, пеши осиёбон меравад? Мӯзааш дарид, пеши мӯзадӯз меравад? Нонаш набошад, пеши нонво меравад?
Ба ҳамин гуна ҳар касеро информатсия даркор шуд, пеши шумо меояд. Шумо худро кам набинед, кам ҳам насозед. "Пешвои муъаззам"-ро ҳам шумо месозед ва "хоини миллат"-ро ҳам. Ҳич ошпаз на "пешво"-ю на "хоин" сохтан наметавонад.
Боре дар як иди Қурбон ҳамроҳи Абдуқодир "идгардак" хонаи Сайёф рафтем. Боло шудем, ки як хона пур журналист нишастаанд. Болонишини хона як мулло (равонашон шод, ҷошон Биҳишт). Моро, ки мешинохтанд, паҳлуи худ хонданд. Ҳама хомӯш. Эшони равоншод суханро ба ман доданд. Гуфтам, ки "бимиред як хона интеллигенти дипломдор, ки болонишинатон муллои синфи 3-ро базӯр хонда бошад". Эшон хандиданд ва ману Абдуқодир "амри маъруф" мекардем.
Камбуди имрӯзи шумо дар он аст, ки ҳар нокасу ночизро баробари худ мегиред. Ҳамун "кибр" и журналистиро гум кардаед. Осиёбону мӯзадӯзу нонво "кибр"-и худро дорад. Хоҳиш мекунам, бо беному гумномҳо баробар шуда, арзиши худро поён набаред.
Тоҷик будан кори ҳар буз нест!
Содаҳои мо бовар доранд, ки "ҷомеъа исломгаро шудаст". Чунин нест. "Исломгароҳо" на бӯе аз ислом бурдаанду на гарде бим аз Худо доранд. Инакҳо бандатарс ҳастанд. Аз тарсуйӣ, аз бандатарсӣ худро "уммат" вонамуд мекунанд.
Ҳо! Инҳо гӯспандҳоеянд, ки ҳунари тоҷик будан надоранд. Аз тоҷик будан метарсанд. Аз худро тоҷик номидан метарсанд. Барои ҳамин худро ба анбӯҳи мусулмонони кавказу мардуми дигар мезананд, то ҷони ночизашон эмин монад. Масҷид мераванд, ки касе тоҷикашон нашуморад, озаримонанд бошанд. Аз тарси Худо масҷид намераванд инакҳо. Бинед, ки ҳамаи ин "уммат" аз Россия менависад. Дар Россия тоҷик будан кори ҳар буз нест. Мард бояд бошӣ, ки аз тоҷик буданат дар Россия болӣ.
Ва ин чизи наве нест. Миллионҳо чунин гӯспандони мо паштую ҳиндую турку тозӣ шуданду гуму гумном, ба партовгоҳҳои бӯгин рафтанд, ки инҳош ҳам меравад. Инҳо кирои андеша надоранд. Дар Россия монанд, духтаронашон шӯи чукчию қалмиқу якут мегирад, Аврупо бошанд негр. Ягон миллати сиҳат духтарони инҳоро ба занӣ намегирад. Партов буданашонро мефаҳманд. Ҳамин гуна гум мешаванд.
Инҳо аз Худо не, аз миллатгароҳои рус метарсанд. Ман аз Худо метарсам. Тоҷикам! Тоҷики мусалмонам! Аз тоҷик буданам меболам. Барои тоҷик будан ҳама корро мекунам. Ва инро миллатгароҳои рус хуб медонанду арҷ мегузоранд. Тоҷик будан кори ҳар буз нест. Ва тоҷик бояд донад, ки чаро ин бузакҳо худро "уммат" кардаанд.
Бомбаҳои мағзию ичтимоӣ
Ду-се моҳ аст, ки дар бораи куштору зӯроварию гумшавии духтарону бонувони ҷавон бештар сару садо шуда истодаст. Агар бозтоби сиёсӣ намедошт, мегуфтем, ки чунин корҳо дар ҳар давлат ҳаст. Хоҳиш мекунам, як эффекти пасманзари ин хабарҳоро омӯзед, мебарояд, ки ҳамаи онҳо гӯё қурбонии режиманд. На танҳо дар Тоҷикистони мо, дар ҳич куҷои ҷаҳон, ягон режим ин корро намекунад. Ниёз надорад. Терроризми имрӯзаро кам гирифтан даркор нест. Имрӯз танҳо бомбаю калашникуф нест дар дасти онҳо. Бомбаҳои мағзию иҷтимойӣ мӯд шудаанд.
Гумонам ин кори густурдаи кадом гурӯҳ аст. Мо бояд нагузорем, ки бонуҳомон бозичаи хунини ҳич касе шаванд. Омӯхтан бад нест. Методҳошонро инҷо наменависам, лекин медонам.
Ҳар тоҷик бояд посбони Тоҷикистон бошад!
Сафват Бурҳонов, ш.Одесса