ХАБАРИ ДОҒ

Ҳама барои 1 кас, 1 кас барои ҳама!

  • Чоршанбе, Дек 16 2020

 Ҳамасола рӯзи 3 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад. Ин қишр ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеа саъю талош доранд, ки  аз ҷомеа дур набошанд ва саҳми худро дар пешрафти Ватани худ гузоранд. Пеш аз ҳама барои дуруст қабул кардани шахсони маъюбият дошта диди муосир даркор асту бас. 

   04.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:26 дақиқа. Меҳмонхонаи “Хилтон Душанбе”. Бахшида ба ин рӯзи ҷаҳонӣ Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бо шарикони хеш мизи гирд ташкил намуд, ки он ба фаъолияти иттиҳодия дар соли 2020, мушкилоти ин қишри ҷомеа дар вақти пандемия ва имкониятҳои густарда барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гаштанд. Инчунин, зимни ин ҳамоиш филми махсус бахшида ба ҳаёти шахсони дорои маъюбӣ дар ҶТ намоиш дода шуд, ки ҳар қисмати он зиндагии 1 нафарест. 

   Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон зимни суханронии худ гуфт, ки соли сипарӣ гашта барои иттиҳодия ва аъзои он низ осонӣ надошт, вале бо кӯмаки шарикон, аз он ҷумла созмони “Интернюс” онҳо тавонистанд 1 барномаи вежаро ба нафъи маъюбони кишвар пиёда намоянд:

-Мақсад аз амалӣ кардани ин лоиҳа ин боз 1 бори дигар таъкид намудан бар он аст, ки шахсони маъюбиятдошта низ метавонанд дар корҳои худ муваффақ бошанду дар ҷомеа сазовори мавқеи хосса. Моҳи апрел дар якҷоягӣ бо кормандон ин гурӯҳро ташкил карда, пардохтем барои наворгирии филмҳои кӯтоҳ дар бораи шахсони маъюбиятдошта. Веб-силсилаҳо ҳаёти шахсони маъюбиятдоштаро дар ҳаёти муқаррарӣ инъикос мекунанд ва мақсад аз ин веб-силсилаҳо боло бардоштани масъалаҳои муҳити дастрас барои шахсони дорои маъюбият дошта мебошад. Ҳар 1 филми кӯтоҳмуддат қиссаи зиндагии 1 нафаре аз мост, ки дар бари мост ва узви ҷомеаи мост!

108 сомонӣ ба 1 моҳ мерасад?

   Вақте мо дар мавриди нафақаи ин ашхос пурсон шудем, ҳуқуқшиноси иттиҳодия Зарринабону афзуд, ки нафақапулии гурӯҳии маъюбон мувофиқи қонунгузории кишвар ба чанд қисм ҷудо карда шудааст. Аз ҳама нафақаи баланд ин нафақаи замимавист, ки аз моҳи октябри соли равон бо фармони Президент ҶТ то ба 270 сомонӣ боло бурда шуд.  Аммо нафақаи аз ин дида паст ҳам ҳаст-108 сомонӣ, ки ҳатто ба 1 рӯз харҷи маъюбон кофӣ нест...

Имтиёзҳо

    Шахсони дорои маъюбият дошта дар баробари ин аз 1 қатор имтиёзҳо бархӯрдоранд. Шахси маъюбият дошта метавонад бе маблағи пешпардохт вориди нақлиёти ҷамъиятӣ гардад, аз пардохти андоз, барои истифода бурдани телефони хонагӣ озод буда, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имконияти бештар дорад. Ҳамчунин барои ин тоифа ёрии тиббӣ ройгон буда, гирифтани роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, аз он ҷумла “Хоҷа оби гарм”, “Оби гарм”, “Шоҳамбарӣ” бенавбат дода мешавад. 

Дилсӯзӣ накунед! 

   Раъно Додоҷонова, яке аз масъулони Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, агар хоҳед, ки ба маъюбон кӯмак кунед, пас дилсӯзӣ накунед. Зеро дилсӯзӣ кардан ба шахсони маъюб бар зарари онҳост ва пеш аз оне, ки ба шахси маъюб пул дароз мекунед беҳтараш пурсед, ки чӣ мехоҳад:

-Соли 2016  ман тавассути сафорати Амрико барои бозомӯзӣ ва табодули таҷриба ба ИМА фиристода шудам. Дар ин муддат оид масъалаҳои чӣ тавр баланд бардоштани зиндагии шахсони маъюбият дошта мавзӯъҳои гуногунро мегузаштем. Пас аз сафар тасаввурот ва ақидаҳои ман нисбати шахсони маъюб дигаргун шуданд. Ман дарк кардам, ки дилсӯзии мо ба ин гуна шахсон хатосту ба ҷойи нерӯ додан, баръакс дар онҳо ақидаи 1 фарди нодаркор барои ҷомеаро бедор месозад. Пеш аз оне, ки хоҳӣ дарди дилу захми бадани инсонро фаҳмӣ бояд кафшҳои ӯро пӯшида роҳҳои тай кардаи ӯро худ пойи пиёда бо кафшҳои даридаи ӯ тай кунӣ. 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

 

 

Дар ҳамин маврид: Корхонаи “Қориён”аз байн рафт 

 Солҳои пеш дар ш.Кӯлоб корхонаи махсуси “Қориён” фаъолият дошт, ки он барои шахсони нобино ташкил карда шуда, маҳз ин тоифа дар ин корхона кор карда, маош ҳам мегирифтанд. Аммо бо гузашти замон нафаре бо номи Ғаффор Идиев, собиқ раиси “Ориёнбонк”, маъруфтар бо номи Ғаффор-бонкбизнес, ки бисёриҳоро фиреб дода, ҳоло дар қайди ҳайт нест, ин корхонаро бо фиреб харидорӣ кардаву баст. Имрӯз на нобиноён ва на шахсони маъюбият дошта на мактаби махсус доранду на корхона...Додари ин Ғаффори нобинофиреб-Идиев Ҳусайн Сафаралиевич, ҳоло Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аст. Шояд ӯ қарзи бародарашро дар назди нобиноҳо канда, ба ишон корхонаашонро бармегардонад? Зеро рӯзи қиёмат наздик аст ва агар ин кас эмони бародарӣ доранд, бояд ин корро кунанд. Вагарна войу дареғу доди бародариву вазириву пулдориву сарватмандӣ....

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter