ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷирони «Фаровон» зидди солимии кӯдакон?!

  • Чоршанбе, Дек 23 2020

 

   Сокинони шаҳри Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон аз афзоиши бесобиқаи нақлиёти сабукрав ва тамбашавӣ дар роҳу ҷодаҳо амиқан нигаронанд. Мушкил ба ҳаддест, ки ҳатто 1 майдончаи кӯдаконаи биноҳои баландошёнаро ба таваққуфгоҳ (стоянка) табдил додаанд.

   Карим Давлатов, собиқ раиси маҳалла, дар бинои истиқоматии №22, воқеъ дар кӯч.Ҷ. Мирзоқодироваи ш.Бохтар истиқомат дорад. Ӯ дар сӯҳбати хос бо мухбири СССР гуфт, атфолу наврасони ин бино аз бозиву тамрин комилан маҳрум шудаанд. Ба қавли ӯ: «Соҳибкорони бозори «Фаровон» майдончаи варзишии кӯдаконаро бо мошинҳояшон аз субҳ то шом банд кардаанд. Худсарӣ ва нописандии ронанда-тоҷирони ин бозор боис ба он гардидааст, ки кӯдакону атфоли мардум бозиву вақтхушии худро дар роҳи мошингузари кӯчаҳои Норинов ва Мирзоқодиров мегузаронанд-дар роҳе, ки ронандаҳои таксӣ бо суръати баланд мошинро меронанд. Пас чӣ хел дар ҳарос набошем, ки имрӯз ё фардо фарзанди касе зери чархи мошин намонад???».

   Ҳамсуҳбати мо бо афсурдаҳолӣ меафзояд, ки «қаблан яке аз соҳибкорон пеш аз сохтмони баландошёнае ваъда дода буд, ки барои кӯдакону наврасон 1 майдончаи тафреҳиро сохта ба истифода медиҳад. Мутаассифона, қавли бизнесмен то гузашти хар аз лояш будааст! Мо дигар маҷбур байни роҳ ва майдончаҳо девори бетонӣ бардоштем. Соҳибкор бар зами ваъдахилофиаш девори бетониро канда партофт. Барои ҳалли ин мушкил борҳо шифоҳиву хаттӣ ба масъулини ҳукумати шаҳр муроҷиат кардем, аммо чораву натиҷае нест…».

Зимни сӯҳбат ронандаҳои «саросема», ки дар ин нуқтаи пуродам бо суръати хеле баланд мошинро меронанд, бо ҳавобаландӣ мегӯянд: «Ака, ма саросемаюм, чихели форам мерам…».

   Карим Давлатов мегӯяд, мо ҳар рӯз дар ташвишу изтиробем ва ҳатто вақте кӯдаконро барои сайругашт мебарорем, паҳлӯяшон меистем, ки «мошине ӯро пахш накунаду дар балои ронандаҳо намонем!» Воқеан, имрӯз баракс шудааст: Мошин кӯдакро мезанаду волидайнаш гунаҳкор!!!

Баҳодур Уроқов,

СССР, вил. Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter