Бо даъвати садорати факултети журналистикаи ДМТ Саъдӣ Маҳдӣ мо аҳли кормандони редаксияи СССР барои вохӯрӣ ба ДМТ раҳсипор гардидем. Ҳадаф аз даъвати мо сӯҳбат бо журналистони ояндаи кишвар, яъне донишҷӯёни факултети журналистика буд. Ҳангоми даромад ба шаҳраки донишҷӯён мо, ки ҳама дар мошини устод Сайёфи МИзроб нишаста будем, бо 1 мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудем ва он, танбашавии аз ҳад беши нақлиёт дар назди ДМТ аст!
Посбонҳои даромадгоҳи асосии шаҳраки донишҷӯён маъруф ба номи “Ҷазира” танҳо иҷозати дохил шудани мошинҳои кормандони худи муассисаи олиро медоданду мошинҳои дигар ҳаққи вуруд ба дохили шаҳраки донишҷӯёнро надоштанд. Ва мошини моро низ, ки тибқи маъмул барои посбонон бегона буд, дар оғоз гузаштан намонданд. Баъди оне, ки мо ба посбонҳо гуфтем, ки аз газетаи СССР барои вохурӣ бо донишҷӯён омадаем, онҳо рақамҳои автомобили моро ба қайд гирифтаву барои дохил шудан роҳнамоӣ карданд. Пештар аз мо мошине истода, барои ҳаракати дигар мошинҳо монеа эҷод мекард. Маълум буд, ки ин кадом як “нелегал”-и дигар асту мехоҳад дарояд, аммо намегузоранд.
Таксӣ ва донишҷӯёни танбал
Баъди сӯҳбат ҳангоми бозгашт боз бо ҳамон тамбашавии нақлиёт, хосса таксиҳо дучор гаштем. Сабабгори тамбашавӣ таксиҳо буданд! Таксиҳои 5 сомонаву мошинҳои дигар ширкатҳои мусофиркаш ба монанди “33-33”, “70-00”, “16-16”, “11-11,” “888”. Анбӯҳи мошинҳои таксӣ аз он дарак медод, ки имрӯз донишҷӯёни мо танбалу серпул шудаанду 1 қадам бе таксӣ намегузоранд. Посбонҳо бошад ҳар рӯз бо ронандагон даст ба гиребонанд, ки дар ин ҷойҳо наистанд ва рафта мусофиронашонро дуртар аз даромадгоҳи шаҳраки донишҷӯён интизор бошанд. Дар ин бобат ронандае гуфт, ки мо танҳо хоҳиши муштариро иҷро мекунем ва ба хотири оне, ки дар охири соатҳои кориву дарсӣ, муштарӣ инҷо зиёд аст, мо дар ин даромадгоҳ меистем.
Масҷиди нав мушкилро зиёд мекунад?
Ҳафтаи гузашта яке аз хонандагони ҳафтанома аз тамбашавии нақлиёт дар ҳамин минтақа, аниқтараш дар назди масҷиди нав, ки ба наздикӣ нияти кушодашавиашро доранд, гуфта буд ва мушкилии инро дар набудани чароғак медонист. Дар 1 роҳи кӯтоҳ 2 проблемаи нақлиётӣ ва он ҳам бошад дар ҳолест, ки ҳоло на масҷид фаъолият дораду на он бузургтарин варзишгоҳе, ки дар дохили шаҳраки донишҷӯён сохта истодаанд.
Масҷид ку кайҳост омода шуда ва ин вабо, ки пушти сар гашт ҳатман боз мегардад. Бо камтарин ҳисоб ҳар рӯз зиёда аз 1000 автомобил танҳо дар назди масҷид таваққуф хоҳад кард. Ва агар масъулин то он вақт дар ин роҳ чароғак нагузоранд, проблема болои проблема мешавад. Сохтмони бузургтарин варзишгоҳ ҳам ба зудӣ анҷом меёбаду, ана баъд анбӯхӣ одамону мошинҳоро хоҳем дид дар ин минтақа. Мо пайгирӣ мавзӯ ҳастем.
Шералӣ Давлатов, СССР