ХАБАРИ ДОҒ

Моро дар соли 2021 чӣ интизор аст?

  • Панҷшанбе, Янв 14 2021

 

Аз моҳи январи соли 2021 як қатор тағийротҳо дар кишвар, алалхусус дар бахши қонунгузорӣ, роҳу нақлиёт, хизматрасонии электронӣ ва андозбандӣ ба вуқӯъ пайваста, метавонанд то ҳадде ба кисаи мову шумо зарба зананд. Мо тасмим гирифтем дар бораи тағийротҳои муҳимтарин навишта, шуморо хабардор созем, то фардо зимни сарукор доштан бо ину он фиреб нахӯред, хонандагони азиз.

 

1 нишондиҳанда-60 сомонӣ

Аз 1.01.2021 арзиши 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 60 сомонӣ муайян карда шуд. То ба имрӯз бошад он 58 сомониро ташкил дода, ин нишондиҳанда ҳангоми пардохти андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳисоби ҷубронпулиҳои иҷтимоиву иловапулиҳо ҳисоб карда мешавад. 

Ҳамин тариқ андозаи ҷаримаву боҷҳои давлативу дигар пардохтҳо, ки аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мегардид, гарон шуд, аз он ҷумла ҷарима барои кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, сиёҳшиша намудани оинаи воситаҳои нақлиёт ва боҷҳои давлатӣ. 

 

Манъи вуруди нақлиёти байнишаҳрӣ

Қарор аст аз 1.01.2021 вуруди нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум, яъне ҳамон таксиву микроавтобусҳои мусофиркашии байнишаҳрӣ ба ш.Душанбе манъ карда шавад. Тибқи Қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ даромади воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз тарафи водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат манъ гардиданд. Ин қарор ба хотири кам кардани шиддати ҳаракат ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди маъмурии пойтахт ба тасвиб расидааст. 

 

Хонасозии бе лоиҳа-ҷарима 12 ҳазор сомонӣ

Аз оғози соли 2021 андозаи ҷарима барои он нафароне, ки худсарона заминро ғасб карда, даст ба сохтмони ғайриқонунӣ мезананд, афзун гардид. Ҳамакнун барои сохтмни манзил бе иҷозати ҳукумат ва дигар сохторҳои марбута, соҳибмулк бояд аз 6 то 12 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт намояд. 

Тағийротҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ворид гардида, аз 1.01.2021 ба ҳукми қонунӣ даромаданд. Минбаъд зимни бунёди хонаҳои шахсӣ эҳтиёт шавед! 

 

Андозҳо кам мешаванд?

Аз рӯи Кодекси нави андози ҶТ, ки аз соли 2021 мавриди истифода қарор мегирад, интизор аст, ки андозҳои амалкунанда ихтисор шуда, аз 10 то ба 7 бахш коҳиш ёбанд. Дар қонунгузорӣ 6 андози умумидавлатӣ мемонад- андози даромад, андоз аз фоида, ААИ, аксиз, андози иҷтимоӣ, андоз аз захираҳои табиӣ ва 1 андози маҳаллӣ.

 

Google, Apple, Microsoft, Facebook…андоз месупоранд!

Тибқи тағийротҳое, ки ба Кодекси андози ҶТ Парлумони кишвар ворид кард, ширкатҳои бонуфузи электронии ҷаҳон амсоли, Google, Apple, Microsoft, Facebook, ки дар ҳудуди ҶТ хизмат мерасонанд, бояд ба буҷаи Тоҷикистон андоз-18% ААИ пардохт намоянд.

Ҳоло ин тағийрот ҳукми қонунӣ нагирифтааст, вале пас аз ҳукми қонунӣ гирифтани он ҳатман нархи Интернету мессенҷерҳо, хосса Вайберу Ватсаппу Телеграмм хоҳад хест…

 

Ҷамилаи Ҳусейн,

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter