Ҷамоати деҳоти Язғулом дорои меваҳои шаҳдбор, гиёҳҳои дорувор, табиати зебо, ҳавои тоза ва кӯҳҳои осмонбӯс мебошад, ки шахс аз тамошояш ҳаловат мебарад. Ин гӯшаи кӯҳистон макони сайёҳиест, ки бо тамоми табиаташ метавонад ба инсонҳо 1 дармони бе табиб бошад. Оби зулолаш ҳам дар тобистон ва низ ба зимистон сардие дорад, ки ба гуфти занҳои солхӯрдаи ин деҳа, шифодиҳандаи ҳамаи дардҳост. Хушбахтона, бо ин ҳама зебоиҳое, ки дорад дар замони Истиқлолият боз ҳам ин ҷамоат ободтар гаштааст.
40 квотаи президентии Язғулом
Таваҷҷӯҳи беандозаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин деҳаи дурдаст боиси он гашт, ки дар деҳа пешравиҳои зиёд ба вуҷуд ояд. Файзиддин Ҳусейнов, сокини Ҷамоати деҳоти Язғулом зимни сӯҳбат чунин ибрози ақида намуд:
- Ҷамоати деҳоти Язғулом дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои бесобиқа рӯ ба рӯ шуд. Яке аз мушкилоти муҳими рӯзгори мардум ин надоштани барқ буд, ки дар даврони истиқлол ҳалли худро пайдо кард. Муассисаҳои таълимии замонавӣ бо таҷҳизоти лозимӣ бунёд гардиданд, заминҳои бекорхобида обёрӣ гашта, бунгоҳҳои тиббии муосир бунёд шуда, ҳоло дар истифодаи мардум қарор доранд. 4 пули нав байни деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Андарбаг ва Жамаг сохта шуданд. Инчунин аз ҳисоби квотаи президентӣ ҷавондухтарони Ҷамоати Язғулом ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гашта, дар баробари ин 40 квотаи иловагӣ ба Ҷамоати мо ҷудо шудааст, ки ин ҳама нишондиҳандаи пешрафт ва омода намудани кадрҳои гуногуни баландихтисос барои деҳаи дурдаст мебошад, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Деҳае, ки солҳои тӯлонӣ аз бебарқӣ ва дигар мушкилот азият мекашид, имӯз ба гулистоне табдил ёфтааст, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Роҳҳо ба таъмир ниёз доранд
Нахшидамоҳ Давлатёрова, сокини дигари Ҷамоти Язғулом афзуд, ки 80 соли умрамро ҳамҷун 1 табиби ин деҳот гузаронидам, вале ҳеҷ гоҳ боварӣ надоштам, ки ба деҳаи мо қувваи барқ меяоду хонаҳо рӯшан мешаванд. Зеро дар 70 соли шӯравӣ ин деҳа барқ надошт!
- 1000 маротиба минатдорем аз Ҳукумати кишварамон, ки моро соҳиби қувваи барқ кард. Кӯҳистон ин ҷодаи ганҷҳост, агар онро муфид истифода барем, бо чунин шароите, ки имрӯз дорем, метавонем хоҷагии халқро таьмин намоем. Зеро деҳаи мо табиати соф ва меваҷоту сабзавоташ мазаи хоси худро доранд, ки метавон онро ба хубӣ истифода намуд, - иброз медорад холаи Нахшидамоҳ.
Албатта, зодгоҳ ин муқаддасттарин ҷойгоҳ барои ҳар шахс мебошад. Танҳо ягона мушкилие, ки ба чашм мерасад ин роҳи байни деҳаҳои Ҷамоат аст, ки бисёр ниёз ба таъмиру таҷдид доранд.
Саҳоба Шарипова,
Ҷамоати деҳоти Язғулом, барои СССР
Аз СССР: Оморҳои хориҷӣ ва расонаҳои беруна борҳо хабар додаанд, ки зодагони ин мавзеъ-Язғулом, ки воқеан ҳам музейи зинда аст, зеро ин деҳа мардуми хоса ва забони вежаи язғуломӣ дорад, бештар аз дин осебпазиранд ва сафи онҳо гӯиё дар гурӯҳҳои ифротиву террористии ба ном Давлати исломӣ низ зиёд аст. Мо тасмим гирифтем, ин мавзуъро низ пайгирӣ кунем. Мо Метавонем!