ХАБАРИ ДОҒ

130 рӯз барои бартараф кардани камбудиҳои пойтахт

  • Душанбе, Май 02 2016

Аз 26 апрел то 3 сентябри соли 2016 дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе – 130 рӯзи омодагиҳои ҳамаҷониба эълон карда шуда мақомоти маҳаллии намояндагию иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ бояд тамоми нерӯю имконияти хешро ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ дар ҳар як шаҳраку маҳалла ва гирду атрофи биноҳои бисёрхонагӣ, ташкилоту идора, корхонаю муассисаҳо равона намоянд.

Инчунин,  воридсозии навгониҳои моддию маънавӣ дар ҳаёти ҷомеа ва корҳои рӯзмарраи аҳли ҷамоатчигии шаҳр қабул гардида шаҳрдорӣ аз сокинони шаҳр хоҳиш карда менамояд, ки дар татбиқи ин иқдом ҳамаҷониба саҳми самарабахши худро  гузоранд.

Бино ба иттиллои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, ин иқдом ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта то 9 сентябри соли 2016 тамоми камбудиҳои пойтахт, алалхусус дар самти ободонӣ бояд бартараф карда шаванд.

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter