Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шурӯъ аз 2 майи соли 2016 парвозҳои мустақими хешро ба самти Душанбе – Пекин – Душанбе оғоз намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо котиби матбуотии ин ширкати ҳавопаймоӣ Лола Кенҷаева иттиллоъ дод, ин парвозро ба пойтахти Чин ширкати «Тоҷик Эйр» дар якҷоягӣ бо Алянси сайёҳии Шинҷон амалӣ намуда он ҳафтае 1 маротиба рӯзи душанбе тавассути тайёраи Боинг – 757-200 сурат хоҳад гирифт. Вақти парвоз аз Душанбе то Пекин 5 соату 30 дақиқаро ташкил намуда ин хатсайри ҷадид барои боз ҳам бештар тақвият ёфтани хамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Чин такони наве ҳохад дод.
СССР