Нозири «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» Сиёвуш Шарипов ба хонаам омада, ҳисобкунаки барқиро санҷида, маро 300 сомонӣ қарздор кард. Ин маблағ аз куҷо пайдо шуд, намедонам, ҳоло он, ки қувваи барқи ман ин қадар ҳеҷ гоҳ кор намекард. Ман фарзанди даврони СССРам, агар нафақаам мерасид-мепардохтам. Нозир 2 поро ба 1 мӯза андохта, не ҳозир бипардоз гуфта, исрор мекард. Ҳарчанд ба нозири ҷавон гуфтам, ки баъди 1 ҳафта нафақа мешавад, худам пардохт мекунам, аммо гапро нафаҳмид ва бо писханду истеҳзо қувваи барқамро хомӯш карду рафт…
Муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ! Шумо дар хона ҳатман барқ доред, вале ман то ҳол-1 моҳ шуд бебарқам. Шояд ин нозири барқ дар бораи ҷанговарони башардӯст ва хизмати онҳо дар ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон таассурот надорад, вале шумо доред ку?! Шумо хотири иштирокчии ҷанги афғонро намекунед, ки зердастонатон нисбати мо шахсони хизматнишондода чунин густохиро раво мебинанд? О, канӣ, қадршиносӣ, иззату эҳтироми имтиёзот, лготҳои мо, ки синаро дар синну соли ҳамин нозири барқ барои ҳифзи Ватан сипар карда, садҳо захми тиру тӯпу табару корду камон хӯрдаем?
Дигар ин, ки ягон нафар нозири «Шабакҳои барқи шаҳри Кӯлоб» бо мардум муносибати хуб надоранд. Онҳо агар аз хизмат нагурехта, дар артиш адои хизмат мекарданд, асло ба чунин муносибати дағал бо мардум роҳ намедоданд. Агар худое накарда барқ кам кор кунад, боз мо мардуми одӣ зери борони таҳқиру маломат мемонем, ки чаро ҳисобкунак кам кор кард?! Ин нозирони барқ ҳамон Арбоб-Камолҳои устод Айнӣ шудаанд, ки бо ҳар роҳу восита ба мардум ситам мекунанд…
Магар аз байни 68 шаҳру ноҳия танҳо сокинони шаҳри Кӯлоб аз пардохти пули истифодаи барқ қарздоранд? Ва кай кормандони сохтори зертобеи шумо аз рӯи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ одоби муоширатро бо муштариён ёд мегиранд!? Ман Интизори ҷавоби шумоям муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир!
Алихон Шарипов, ҷанговари башардӯст,
ш. Кӯлоб
Аз СССР: Воқеан ҳам, Алихон Шарипов писари Бобои Ғулом Шарипови таърихӣ, охирон иштирокчии ҶБВ аст, ки бояд 29 августи 2021, охири ҳафта, худойии Сари Солашро гиранд. Сипос ба ҳукумати ш. Кӯлоб, Шабакаҳои барқии ш. Кӯлоб ва ҳама масъулини баландпояи ин шаҳри бостонӣ, ки дар арафаи солгарди фавти қаҳрамон барқи хонаашро буридаанд…
Эҳ… агар Бобои Ғулом зинда мебуд, ба шумо соли 1945-ро 1 бори дигар нишон медод. 100 афсӯс…