Бо хушдоманам балони газро, ки барои хӯрокпазии хона аст, гирифта ба нуқтаи фуруши сузишворӣ “заправка”-и Соро-Ойл рафтем. Кормандони НФС гуфтанд газ несту дигар НФС равед. Ҳамон рӯз қариб ба 10 нуқтаи фуруши сузишворӣ рафта, газ наёфтем.
30.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:05 дақиқа. Боз ҳамон балони газро гирифта, ба “Газпром”- рафтем. Хушбахтона газ ёфт ва мо аз саргардонӣ халос шудем. Пеш аз пур кардани газ аз корманди нуқтаи сӯзишворӣ пурсдам, ки чаро дар бештаре аз нуқтаҳои сузишворӣ газ нест? Вай гуфт, чанд моҳ пеш ронандагон танҳо газ истифода мебурданд, аз ҷумла мошинҳои тамғаи “Опел”, “Хундай”, “Киа”,“Ваз,” “Мерседес”, “Тойёта” , зеро нархи газ аз бензин дида арзонтар буд. Ҳоло бошад нархи газ баробари нархи бензин шудааст, аз ҳамин лиҳоз, аз 1- уми август сар карда, ронандагон қариб, ки газ истифода намебаранд...
Нархи гази имрӯза аз дирӯза афзуд
Масъулини НФС мегӯянд, пасту баландшавии нархи газ дар дасти мо нест. Об аз боло лой! Аз боло нархи газро мебардоранду мо маҷбурем нархномаро бардорем. Мумкин баъди 9 уми сентябр боз арзонтар шавад-ишора мекунанд ҳамсӯҳбатони ман.
Нархномаи НФС-ҳо дар ин рӯз: Бензин 10-сомону 10 дирам. Газ 9- сомон. Солярка 9- сомону 50 дирам.
Газ нони моро газид!
31.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:31 дақиқа. Бо ронандаи ширкати “Рахш такси” Назиров Маҳмадалӣ вақте бобати гароншавии нархи газ ва бензин сухан кардам, бо оҳи сард гуфт, ки “хоҳарҷон чанд моҳ пеш дар бозор кор мекардаму рафиқонам ба ман тавсия доданд, ки айни ҳол барои пули хуб ёфтан ба таксӣ ру биёр. Ман ростӣ фикри онҳоро писандида, савдогариро 1 сӯ гузошта, ба таксӣ гузаштам. Хуллас, тӯли 1 моҳ бо даводаву заҳматҳои зиёд таксӣ гирифта, ба кор шуруъ намудам. Сароғоз кор хуб буд, то он вақте, ки дар ҶТ нархи газ гарон нашуд!!! Айни ҳол барои мо ронандагон хеле мушкил аст, худ бубинед, ба мо лозим меояд, ки барои 1 рӯзи кор 200-250 сомонӣ маблағи кор кардаамонро барои газу бензинпулӣ харҷ кунем. Зӯр монад 50-100 сомонӣ мемонад. Бо ин хароҷот оилаи маро, ки 7 нафарем, кӣ мехӯронад? Мошинро кӣ ремонт мекунад? Равғану чархашро кӣ мехарад? Ҳукумат бояд дар сатҳи олитарин масъалаи нарху навои сӯзишвориро баррасӣ кунад. Зеро мисли ман ҳазорон оила нимагуруснаву нимабараҳна шудан доранд...
Омири Ҳаёт, махсус барои СССР