Рӯзҳои охир 2 бозори калони ш.Бохтар-«Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф» аз харидор пур буда, бештар падару модарон ҳамроҳи фарзандонашон барои хариди либоси мактабӣ омадаанд. Бояд гуфт, ки 2 ҳафтаи охир нархи сару либос, лавозимоти хониш ва мактабӣ дар бозори «Фаровон», аз ҷумла либоси мактабӣ, пойяфзол, ҷузвдон нисбат ба 1 моҳи гузашта 35% боло рафтааст. Мисол нархи пойяфзол барои синфи 1-ум аз 75 сомонӣ то ба ба 160 сомонӣ ҷаҳидааст. Ҷузвдон бошад аз 75 ба 150 сомонӣ. Савдо сабаби гарон шудани лавозимоти хонишро аз гарон шудани роҳкиро мансуб медонанд.
Ширкатҳои дӯзандагӣ ё бозор?
Дар бозори «Фаровон» бо модаре, ки ҳамроҳи писараш даргири харид буд, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ худро Азиза ном гирифту гуфт, ки аз ноҳияи А. Ҷомӣ ба ин макон барои харидани либос барои писараш омадааст, зеро нарху навои бозори ш.Бохтар, нисбат ба бозори н.А.Ҷомӣ арзонтар аст.
- Магар шуморо маҷбур накарданд, ки либоси мактабиро аз ҷойи хостаашон бигиред? – пурсидем аз ӯ. Азиза дар посух чунин гуфт:
- Бале мудири шуъбаи маориф аз падару модарон хоҳиш карданд, ки аз ширкатҳои либосдӯзие, ки онҳо шартнома бастаанд, либос гиранд. Аммо сифати маҳсулоти онҳо пасту ба нархаш мувофиқ нест. Нархи либоси мактабӣ дар сехи дӯзандагии фармудаашон аз 250 то 280 сомонӣ нарх дорад, - афзуд мавсуф.
Ҳамсӯҳбати дигари мо Мадина Азизова сокини ш. Бохтар дар сӯҳбат ба мухбири СССР гуфт, ки 2 фарзандам дар мактаб таҳсил мекунанд. Дар оғози моҳи август, директори мактаб тамоми падару модаронро дар ҳузури кумитаи падару модарони мактаб даъват намуда, изҳор дошт, ки бо ширкати «Котал глобал», ки дар назди корхонаи «Ресанда»-и ш. Бохтар фаъолият дорад, шартнома доранд. Пасон таъкид дошт, ки мо аз он ҷо либос гирифта, расидашро ба мактаб оварда супорем. Баъди дидан сифати либоси ширкати болозикр писанд наомаду аз бозор харида истодаам, ки оқибаташ ба хайр шавад.
Касеро маҷбур намекунем!
Абдуғиёс Бобоев, мудири шуъбаи маорифи н.Ёвон дар робита ба мавзӯи харидани сарулибоси иҷбории мактабӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки директорони мактабҳо падару модаронро барои харидани сарулибоси мактабӣ аз ин ё он корхонаи дӯзандагӣ маҷбур намоянд.
- Масалан, дар ноҳияи мо 59 085 талаба мехонад. Мо бо ширкатаи ҶДММ «Текстайл»-и ноҳия барои дӯхтани сарулибоси мактабӣ ба 29 000 нафар хонандагон шартнома бастем. Сарулибоси бачагона 250 сомонӣ буда, духтарона аз 180 то 220 сомонӣ аст. Мо тамоми мудирони муассисаҳо, раисони ҷамоатҳоро вазифадор намудем, ки деҳа ба деҳа рафта мусоидат кунанд, то аз ширкат сару либос харидорӣ намоянд. Маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ мабаротиб арзон буда, сифаташон ҳам бад нест, мо танҳо тавсия медиҳем, вале касеро маҷбур накардаем, - таъкид дошт Абдуғиёс Бобоев.
75 корхонаи дӯзандагӣ ва наздики 780 ҳазор хонанда
Бино бар иттилои шуъбаи таҳлилӣ-итиллоотии Дастгоҳи раиси вилояти вилояти Хатлон айни замон дар вилоят 1359 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, дар он 779 616 нафар хонандагон, аз ҷумла 375.337 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Дар вилоят ҳамагӣ 75 адад коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ фаъолият дошта, ба дӯхти либоси мактабӣ машғуланд. Оё ин 75 корхона имкон доранд сарулибоси наздики 780 ҳазор хонандаи мактаҳои вилоятро «дӯзанд?».
Баҳодур Уроқов, СССР,
вилояти Хатлон