ХАБАРИ ДОҒ

Бадахшон: чойхонаи миллӣ нест!

  • Чоршанбе, Сен 29 2021

 

   Дуруд ба СССР! Дар шумораи гузашта ифтитоҳи 2 чойхонаи нави мардумӣ дар ш.Хуҷандро хонда, хурсанд шудам. Воқеан ҳам чойхонаҳои милливу мардумиро, ки ҷойи дӯстдоштаи мусафедону мусофирон буд, бояд эҳё кард. Ин ҷо мехоҳам сипос аз газетаи мардумии СССР кунам, ки дар байни нашрияҳои мамлакат ягона газетаест, ки мавзуи эҳёи чойхонаҳоро дар маҳалҳо пайваста мебардорад.

    Гап сари он аст, ки дар ВМБК ягон чойхонаи мардумӣ нест. Солҳои шӯравӣ дар ш.Хоруғ ва гирду атрофи он, дар шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ 2-3 чойхона буд, ки ба мардуми мусофир чою нон медоду кунҷе барои дароз кардани пойҳо. Аммо ин чойхонаҳо пасон ё тарабхона шуданд ё ошхона ва 1 пиёла оби ҷӯш ҳам дигар 3-5 сомонӣ гардид.

   Ба Бадахшон сайёҳи зиёд меояд, барои туристони дохиливу хориҷӣ меҳмонхонаву тарабхонаву ҳомстейҳои зиёд сохтему бунёд кардем, марказҳои фарҳангӣ дорем, ҷамоатхонаву намозхона дорем, аммо дар бораи бунёди 1 чойхонаи сирф мардумӣ фаромӯш намудем. Ба сайёҳи хориҷӣ бештар аз ҳама ҳамон чойхонаи миллӣ писанд меояд, ки ҳам 1 пиёла чой мегираду ҳам бо мардум сӯҳбат мекунад. Чаро дар Бадахшон 1 чойхонаи мардумӣ набошад?

Шоназар Шакармамадов,

омӯзгор, ш.Хоруғ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter