Салом ба СССР-и азиз! Дар яке аз шумораҳои қаблӣ меҳмони СССР шуда, дар бораи гум шудани говам арз карда будам. Баъди чоп шудани матлаб ба ШВКД ноҳияи Ёвон рафта, бо муфаттише, ки бо аризаи шикоятиам кор мебурд, сӯҳбат кардам. Ӯ ба ҷойи расидагӣ кардан ба мушкили ман гуфт, ки «Ту хайр надорӣ? Рӯятро тарафи қибла гардону омин карда, говатро хайр кун, тамом!». Наход муфаттиши ШВКД ҳамин гапро гӯяд?
Дигар ин ки кӣ говамро дуздидааст медонам, ба милисаҳо гуфтам, рафта маконашро ҳам нишон додам, вале касе чора намеандешад. Говам дар хонаи соҳиби наваш аллакай 1 гӯсола карду ҳанӯз ҳам ҷавоби аризаи ман нест. Тавре мегӯянд, дузди хуб соҳиби говро бастааст, соҳиби нави говам бошад дидаву дониста, аз номи мансабдорони воломақом гап мезанад. Ин аст риояи қонун ва иҷрои Фармони №1-и вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
Ҳоҷимурод Тиллоев,
н.Ёвон,
Тел: 907 21 92 72