А-а-а-пшууу! Аслан худ Грипп- бемории гузарандаи роҳи нафас мебошад, ки бо воситаи атса, бо салому бағал кардану бӯсидан ба шахси дигар мегузарад. Грипп бештар бинӣ, гулӯ ва баъзан шушро сироят мекунад. Ҳоло фасли тирамоҳи зарнисор асту рехтани баргҳои зард, чангу ғубор, ҳавои хокбориш бештар дар назар аст. Ҳавои абрноки тирамоҳи заррин дар баробари мавсими хосилғундорӣ будан, бо сардии аввали худ бемориҳоеро ба вуҷуд меорад, ки боиси нигаронӣ ва тарси мардум аз Covid гаштааст. Тибқи мушоҳидаҳои ман дар ҳамин соату дақиқаҳои тирамоҳӣ агар мабодо касе ба кӯча баромадаву шамол хӯрад, ё атсаи баланд занад, бе ташхиси духтурон худро сирятшудаи Covid-19 мебарорад ва мардум аз ӯ ҳазар мекунанд…
Стоп грипп! Ман Коронавирус нестам!
Медонам, ки ҳоло ту, хонандаи ин сутур, дар фикр фуру рафтаву фикр дорӣ, ки аз куҷо фаҳмем ба кадом навъи вирус гирифторем?
Зуком- Гриппро ҳамасола дар тамоми кӯраи замин қариб 99% одамон аз сар мегузаронанд. Грипп дар фасли тирамоҳ яку якбора ба бадани инсон даромада, шахси мубталошударо аз по меғалтонад. Аз тарси грипп- зуком баъзе нафарон бо пиндори оне, ки ковид шудаанд, ҷони худро аз даст медиҳанд, дар ҳоле, ки зуком гриппи оддист. Оризаҳои Грипп воқеан монанди Covid мардумро азият медиҳад. Вале коронавирус нест.
Директори маркази тибии инфексионӣ, Хуршед Ҳабибзода оид ба пешгири Грипп -зуком мегӯяд:
-Бемории грипп ба мисли бемории Covidсарҳад надорад, аз ин лиҳоз қайд кардан бамаврид аст, ки грип дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, дилбеҳузурӣ аз худ дарак дода, бемор худро торафт беҳолу бемадортар ва бе иштиҳо эҳсос мекунад. Бемории пандемияи Covid –19 бошад, тамоман дард ё балои дигар аст.
Навъҳои грипп кадоманд?
Дар асл грип касалии сироятии вирусӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир намудан ва сари вақт аз паси табобат нашудан, метавонад беморо мубталои дигар вирусҳои ғаразнок гардонад. Навъҳои грипҳое, ки дар фасли тирамоҳи хазонрез мо инсонҳоро иҳота мекунанд, инҳоянд:
Ларингир, Фарингит, Риновирус, Роденовирус, Коронавирус, Эховирус, Энтеровирус, Ортомиксовирус, Парамиксовирус
Масалан, гриппп дар ҳоле пайдо мешавад, ки бинӣ маҳкам шуда, роҳи нафаскашӣ мушкил мешавад, ба назари шахси бемор чунин мерасад, ки натанҳо сар ва гулӯ, балки тамоми аъзои баданаш дард мекунад. Сулфаи хушк ба бемор имкони осуда хобидан намедиҳад. Атсаи баланд ва маҳкамшудани роҳи нафаскашии бинӣ солимии инсонро иникор карда, бештари ашхоси бемори мубталошудаи гриппро асабонӣ мекунад.
Доктор Хуршед Ҳабибзода бобати ин мавзуъ гуфт, «солҳои пеш нафарони ба бемори грипп -зуком мубтало шуда зиёд ба назар мерасид, айни ҳол, пас аз пандемияи Covid-19 сафи беморони зуком кам гаштааст. Ҳамасола дар фасли тирамоҳ беморони зиёд ба беморхонаи мо омада аз саломатии худ шикоят мекарданду вақти сархорӣ надоштем. Айни замон муроҷиати беморон ками кам гаштааст. Баъзан нафароне ҳастанд, ки ба зукоми мавсимӣ мубтало шуда аз хавфи Коронавирус ба тарсу изтироб меафтанд».
Грипп аз Covid-19 бадтар аст
Аксари одамон чу мефаҳманд Ковид нестанд, грипро бемории сабук пиндошта, реҷаи бистариро риоя намекунанд. Ин хатои маҳз аст. Агар хоҳед дар ҳамон шабу рӯзи беморӣ ҷисматон бо вирус мубориза бурда, онро мағлуб сохта тавонад, шуморо лозим аст, ки барои организми худ тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам оваред. Инак, дар ҳолати ба грипп гирифтор шудан шуморо лозим меояд, ки дар хона 1 лимонро дар 1 стакан шакарчой ҳамроҳ карда, боз испанду аҷикро дар оби ҷӯшомидагӣ омехта карда, дар тули рӯз 3-4 маротиба бинӯшед.
Хуршед Ҳабибзода қайд карданд, ки грипп ориза надорад, худи грипп ҳамон соате ба нафари мубтало ориза медиҳад, ки бемор дар ҳолати ба зуком гирифтор шудан ба худ аҳамият надода, парвои саломатии худро надорад. Грипп вақте ба пурагӣ аъзои бадани бемори мубталошудаи зукомро забт ва ба диқи нафас дучор мекунад, беморон ба табобат сар мекунанд.
Мардум чигуна фарқ кунанд, ки ба кадом навъи грипп-зуком гирифтор шудаанд? Шахси гирифтор гулӯдард шуда, отсид мешавад, зуд гӯшдард, гулудард, ринит, сармохӯрдагии шӯш, гаймарит ба бемор мечаспад.
Роҳҳои муҳофизат аз грипп вуҷуд дорад!
Аслан мавсими зуком аз моҳи октябр оғоз шуда, дар сардиҳои замистон ях баста, сипас то гармиҳои май идома ёфта, бо организми шахси бемор мубориза мебарад. Вақте аз кӯча ба хона меоед, дастҳои худро шуста, спирт занед. Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ ҳатман даҳонатонро бо оринҷи дастатон пӯшонед. Сир-чеснок, 1 қошуқча асал, шир, сода, малинаро якҷоя чой кунед, ё оби ҷӯшонидагиро бо асал ҳамроҳ карда, нӯшед. Вале аз ҳама усули беҳтарини пешгирии зуком, сари вақт ба беморхонаи минтақавии назди маҳалла муроҷиат кардан аст.
-Аппппшшшууууу! Ҳақ асту рост. Касал нашавед!
Омиронаи Сайёф,