Дар натиҷаи шикоятҳои мусофирони хатсайри №289, ки масири ҳаракаташ маҳалаи Политехникум-маҳаллаи Саркиштӣ асту ронандаҳо бар хилофи қарори раиси ш.Душанбе аз нархномаи тасдиқшуда бештар маблағи роҳкиро ҷамъ мекунанд, мо тасмим гирифтем ин проблемаро пайгирӣ намоем. Бояд гуфт, ки сар аз 10 ноябри соли 2021 нархи роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умум гарон мешавад, вале бархе ронандаҳо новобаста аз қарору фармон ва тавсияҳои идораҳои дахлдор, нархи роҳкироро худсарона пеш аз муҳлат боло мебардоранд, ки ин амали ғайриқонунист.
Худам шоҳу таъбам вазир?
Тавре маълум шуд, ронандаҳои ин хатсайр барои роҳкиро аз мусофирон 3 сомонӣ талаб мекунанд, ин дар ҳолест, ки нархи роҳкиро дар хатсайр 2 сомонӣ муайан шудааст. Вале дар ин сурат ҳам ронандаҳои хатсайри №289 мусофиронро то охири масир, яъне километри 5-ум намебаранд. Ронандаҳо мусофиронро дар ними роҳ-километри 4-ум аз мошин фароварда, ба арзи мусофирон дар ин маврид, дағалона посух медиҳанд, ки роҳ дарозу харҷаш фоидаовар нест. Нархи тасдиқшуда дар ин хатсайр 2 сомонӣ аст, вале ронандаҳо рӯзона 3 сомонӣ ва вақти шом бошад, замони час-пик роҳкироро то 4 сомонӣ мебароранд.
Вақте роҳбар бемасъулият аст…
Дар пайи ин мушкил мо ба ҶДММ «Дилшод», ки идоракунии хатсайри болозикр бар души ин корхонаи нақлиётӣ аст, занг задему арз кардем. Дар ҷавоб гуфтанд, ки ҳатман ислоҳ мекунем, аммо ин ислоҳот танҳо 3 рӯз давом карду халос. Ронандагони хатсайри №289 бо нархи тасдиқшуда фақат 3 рӯз мусофир кашониданду пасон боз ҳолати аввала такрор ёфт. Ҳарчанд мусофирон дар вақти шом омодаанд 1 баробар зиёд пули роҳкиро пардохт кунанд, аммо дар ин сурат ҳам боз ноилоҷ 1 километри дигарро дар торикӣ пиёда мераванд. Вақте ронандаҳои хатсайри №289 ҳатто дастури роҳбарияти худро иҷро намекунанд, пас чӣ суд аз арзу шикояти мардуми мусофир?
Мо пайгири мавзуъем.
Баҳори Шарифхон,
СССР