03.11.2021. Соат бо вақти Душанбе 13:02 дақиқа. Ман ба автобусу троллейбусҳои барқии мусофирбари шаҳр хеле кам савор мешавам, чун солҳои қабл хеле асабонӣ мешудам ва чанд бор бо ронандагонаш ҷанҷол ҳам карда будам.....
Ин саҳар маҷбур будам бинишинам; пас аз интизории бесамари таксиҳои 7-сомонӣ ва бо нигоҳ гусел кардани микроавтобуси пуродами хатсайри №25-ум, илоҷе ҷуз нишастан ба автобуси №25-ум (шумораи рақамаш 0034 ТТ 09) надоштам. Нишастам. Соат 8.15 дақиқа буд. Пас аз ду-се дақиқа пушаймон шудам, вале сабр пеша кардам, оташи ғазабро фурӯ нишондам, ба худ гуфтам, ку, бибинем, чӣ мешавад...... Аммо ҳеҷ чиз тағйир наёфта, балки бадтар шуда: дар фосилаи истгоҳи аввал то дувум, ронанда, 6 бор (!) автобусро нигоҳ дошт ва мусофир гирифт. Дар фосилаи истгоҳи дувум то севум чаҳор бор. Ва минбаъд низ ҳар куҷо мусофире даст боло мекард, ронанда нигоҳ медошту дари пешро боз мекард; чанд бор дар масофаи 10 метр аз истгоҳ ҳам таваққуф кард. Мусофироне, ки корт доштанд, корташонро ба дастгоҳ мегузоштанд, мусофироне ки корт надоштанд, 1 сомонӣ ба назди ронанда мегузоштанду ворид мешуданд. Азбас остонаи дари аввал зуд-зуд аз одам пур мешуд, ронанда гоҳе бо илтимос ва гоҳе бо шиддату садои баланд аз мусофирон мехост, ки ба ақибтари автобус гузаранд ва ба мусофирони роҳинтизори дигар иҷозат бидиҳанд вориди автобус шаванд.
Пас аз 20 дақиқа ва ҳудуди 2 км ба гардиши Калинин расидем ва пас аз 35 дақиқа ба Автовокзал. Пас аз автовокзал автобус нимахолӣ шуд ва ронанда боз шуруъ кард ба нигоҳ доштани он дар фосилаи байни истгоҳҳо.... Одамон медаромаданду мебаромаданд. 30% корт доштанд ва 70% ба ронанда пул медоданд. Ниҳоятан, соати 9.09 дақиқа, яъне пас аз 54 дақиқа ба истгоҳи “Танка” расидем; ман, ки ба манзили мақсуд расида будам, аз автобус фуромадам. Ба ҳисоби ман, зимни тайи ин масофа ронанда, ба ҷуз аз истгоҳҳо, дар 32 ё 33 маврид автобусро дар ҷойҳои ғайри муҷоз нигоҳ дошт ва пул кор кард.
Аммо нуктаи аз ҳама ҷолиб ин буд, ки тамоми ин муддат ҳеҷ мусофире садои эътироз баланд накард, ҳама хомӯш буданд, ҳатто дарк намекарданд, ки онҳоро таҳқир мекунанд...
Зимнан: нигоҳдории ин Танк, ки дар ҷое хондам, сумбули пирӯзии мардуми шӯравӣ, аз ҷумла, тоҷикистониён дар Ҷанги бузурги ватанӣ (ҷанги ҷаҳонии дувум) ва муҳофизати ватан аз душманони беруна будааст, ба ихтиёри дивизияи 201-ум вогузор шудааст. Чаро ҳукумати Тоҷикистон муҳофизат ва нигоҳдории яке аз сумбулҳои муҳими кишварро ба дивизияи кишвари бегона додааст, барои ман муаммост. Аммо дар байни ин ду қазия пайвандест амиқ ва ногусастанӣ.
Абдуқодир Рустам,
сокини шаҳри Душанбе