Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия ҳушдор дод, ки доштани QR-код, ки далели эмкунӣ бар зидди коронавирус аст, барои мусофирон, минҷумла Тоҷикони озими ин кишвар ҳатмист!!!
Қоидаҳои нави ФР барои муҳоҷирон
Вазорати корҳои дохилии Россия пешниҳод кардааст, ки ба хориҷиёни дорои иҷозаи иқомат (ВНЖ) ё патенти кор дар Россия кортҳои пластикии дорои маълумоти шахсӣ ва чип бо изи ангуштон дода шавад. Лоиҳаи фармони мазкур дар портали лоиҳаҳои асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст. Гуфта мешавад, касоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, низ ба сифати шаҳодатномаи муваққатии тасдиқи шахсият метавонанд чунин кортҳоро бигиранд. Инчунин ба шахсони бешаҳрванди дорои патент низ чунин корт дода мешавад.
Корт барои 10 сол
Корти пластикӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад: акси чеҳра дар шакли электронӣ, тасвири шакли папиллярии ангуштҳо, коди QR. Корт инчунин дигар маълумоти шахсиро дар бар мегирад, ки ба муайян кардани шахсияти соҳиби он кумак мекунанд. Корт метавонад дар муддати 10 сол аз лаҳзаи сабт дар интиқолдиҳандаи электронии маълумот дар бораи иттилои шахсии биометрӣ истифода шавад. Кортҳои электронӣ бо назардошти мавҷуд будани имкони техникӣ дода мешаванд. Дар акси ҳол, аз хориҷиён ва муҳоҷирон ҳуҷҷати коғазии тасдиқкунандаи изи ангушт ва аксбардории онҳо барои шуъба талаб мешавад.
Дар Россия ҳамчунин сабти ҳатмии электронии муҳоҷирон барои кор ҷорӣ мешавад. Ҳам корфармоён ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар феҳристи махсус сабти ном шаванд. Пештар ВКД ФР пешниҳод карда буд, ки аз 29 декабри соли 2021 ба муҳоҷирони корӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ки беш аз 90 рӯз ба Россия меоянд, чунин кортҳо дода шаванд.
QR-код талаботи ҳатмӣ!!!
Дар баробари ин Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия ҳам ҳушдор додааст, ки талабот ба доштани QR-код, ки далели эмкунӣ бар зидди коронавирус ё бемории ковид аст, ҳам ба мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ва ҳам хориҷӣ дахл дорад. Ин қонун натанҳо нисбати ширкатҳои ҳавопаймоии Россия, балки тамоми ширкатҳое, ки дар қаламрави Россия парвоз мекунанд, мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Дар робита ба ҷорӣ шудани QR-кодҳои ҳатмӣ барои парвозҳои ҳавоӣ, Вазорати нақлиёти ФР пешниҳод кардааст, ки ба соҳаи авиатсия 8 млрд ҷубронпулӣ пардохт шавад: 7 млрд ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва 1 млрд - ба фурудгоҳҳо.
Вазорати нақлиёт тахмин мекунад, ки бинобар ҷорӣ шудани QR-кодҳо, ҷараёни ҳамлу нақли ҳавоӣ 50% коҳиш ёфта, даромади фурудгоҳҳо дар моҳи декабр 1,06 млрд рубл камтар мешавад.
Санҷиши ҳатмии QR-кодҳо аз 1 феврали соли 2022 мавриди амал қарор мегирад. Агар ин қонун қабул гардад, пас аз 1 феврали соли 2022 мусофирон ба ҷуз QR-код боз ПСР-тест бо натиҷаи манфии коронавирусро низ метавонанд зимни вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия бо худ гиранд. Ин ҳам ҳатмист!
Ҷ.Мақсуд,
СССР