Тӯли 1 сол мешавад ширкати «Мегафон» барои интернети суръати паст ва нолозимаш ба ман фақат 1 посух дорад: "Базаи мо дар минтақаи шумо таъмир шуда истодааст». Ин посухро такрор ба такрор медиҳад. Ман дар ин 1 сол дар тамоми минтақаҳои шаҳр будам ва бо ҳамин мушкили суръати паст муроҷиат кардам, онҳо низ проблемаро фақат мушкили базавӣ гуфтанд.
Хулоса ин аст, ки шояд базаи «Мегафон» тамоман вайрона асту боз ба муштариён тарофаҳоро бо нархи осмонӣ мефурӯшад? Ҳар моҳ 100 сомонӣ мегузаронаму бо сабаби интернети паст, «загрузка»-и 4-соата аз он истифода нобурда мегабайтҳоям ба фоидаи ширкати «Мегафон» бармегардад. Ин ширкат ягон баҳонаи воқеъӣ дошта бошад? Ё агар базаашон вайрон асту то ҳол таъмир карда наметавонанд, пас фаъолияташонро қатъ кунанд. Аввал таъмир карда, баъд ба кор шурӯъ намоянд. Бас аст ғорати мардум. Интернетатон ба 1 дирам намеарзад!
Идриси М,
тел: 904 00 73 79