ХАБАРИ ДОҒ

Салом ба газетаи мардумии СССР! Мақолаи дар газета оид ба баланд гардидани нафақаро хонда, аз шумо пурсиданӣ ҳастам, ки оё шумо аз аризаҳои нафақагирон оид ба нодуруст бозҳисобӣ намудани нафақаҳо огоҳӣ доред? Ин нафақагирон З.Маҳмадуллоева ва Набиева буданд, ки масъалаи нодуруст амалӣ намудани фармони Президенти ҶТ оиди зиёд намудани нафақаро бардошта, талаб карданд, ки нафақаҳояшон аз сари нав баррасӣ гардида, дуруст зиёд карда шавад.

Дар рафти санҷиш аз ҷониби Агентии нафақа ба Прокуратураи генералӣ маълумотҳои бардуруғ пешниҳод гардида, нисбати ин нафақагирон делои ҷиноятӣ оғоз гардида буд. Вале суд чунин далелҳоро рад намуда, бояд делои ҷиноятиро маҳкам мекард. Агар дело беасос ба ҳисоб гирифта, маҳкам мешуд, он гоҳ кормандони прокуратура бояд ҷазо мегирифтанд. Барои маҳкам кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати нафақагирон амнистия амалӣ шуда, парвандаро маҳкам карданд. Ба Агентии нафақа аз ҷониби Прокуратураи генералӣ эътироз пешниҳод гардида, дар натиҷа Агентии нафақа Дастурамали оид ба тартиби зиёд намудан ва индексатсияи андозаи нафақаҳо, ки дар борааш СССР навишта буд, бекор карда, нафақаи нафақагир З.Маҳмадулоеваро зиёд намудааст. Вале Агентӣ чунин амалро пинҳон намуда, нафақаи дигар нафақагиронро зиёд накардааст.

Дастурамали мазкур аз ҷониби Дилшод Саъдулозода, сардори Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, Даврон Валиев, сардори Раёсати сиёсати нафақа ва Ҷамила Абдураҳмонзода, муовини якуми директори Агентӣ, ки забони тоҷикиро хуб намедонад, таҳия гардидааст.

Пас аз нашри матлаби таҳлилӣ-танқидӣ дар газетаи СССР Давлатзода Дилмурод Ашурбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2021 ин Дастурамалро бекор кард, вале нафақагирон аз ин хабар надоранд. Ҳамакнун нафақаи суғуртавии ҳамаи нафақагирон бояд аз сари нав ҳисоб карда шаванд. Сипос ба СССР, ки воқеан мардумист!

Саидҷон Холзода,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter