Салом СССР! Аз соли 2017 то ба имрӯз барои бунёди мағозаи китоб дар деҳаи Мискинободи Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба қавле даводав дорам. Барои ҷомаи амал пушидани ин кори нек шояд даҳҳо маротиба назди собиқ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода даромада бошам, назди раиси имрӯзи ноҳия Холзода Бобишо Нарзулло низ на кам аз 10 маротиба даромадаам, вале натиҷа нест.
Холзода Бобишо Нарзулло дар назди идораи хоҷагии ба номи Н.Назиров 0,1 қитъаи замин ҷудо карда дод, вале бо гузашти 6 моҳ на қарори марбута вобаста ба ин имзо шуду на иҷозати расмии раис баромад. Бе қарори раиси ноҳия ман ҳатто бинои дӯконро наметавонам бардорам. Ба муроҷиатҳои дубораам дар МИҲД н.Файзобод гуфтанд, ки бунёди мағозаи китоб дар ин мавзе ғайриимкон аст. Акнун ёбеду гиред!
Ҳатто ба редаксияи газетаи мардумии СССР раиси ноҳия посух дод, ки хоҳиши хабарнигори мардумиро вобаста ба бунёди дӯкони китоб дастгирӣ кардем, аммо дар асл чунин нест. Дар ҳукумат мегӯянд, ки мағозаро созед, баъд қарорашро медиҳем, о, магар ин тавр мумкин аст? Раваду ман мағозаро пул харҷ карда созам, қарори раис набарояд!? Дар ноҳияи Файзобод ҳама кор шуданаш мумкин!
Ҳокими Сафар,
н.Файзобод