ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Муддати 1 сол мешавад, ки дар ноҳияи Лахш ягон банкомат амал намекунад. Нафақагирон аз қишлоқҳои гуногуни ноҳия аз масофаҳои 5 то 40 км роҳро тай карда, ба  маркази ноҳия  барои гирифтани нафақа меоянду ба ниёзмандон танҳо 2 нуқтаи нафақадиҳӣ ташкил карда шудааст. Дар ин 2 нуқта нафақадиҳандагон мардумро бисёр сарсону саргардон мекунанд. Барои мисол ман якеро аз нуги хамир фатир гуфтагӣ барин номбар мекунам.

Абдуманон Бакиров, мӯйсафеди 83-сола аз масофаи 5 км роҳ ба маркази ноҳия омадааст, то ки нафақаи худ ва ҳамсарашро дар асоси шиносномааш гирад. Аммо нафақаи ҳамсарашро, рафта аз идораи нотарус иҷозатнома биёр, гуфта надоданд. Гирифта овард, бурда инро дар идораи нафақа  тасдиқ кунед гуфтанд,  бурда тасдиқ кард, бурда ксерокопия кунед, бурда ксерокопия кард, сипас омада нафақаро гирифт.

Банкоматҳое, ки нафақахӯрон тавассути он нафақаи худро мегирифтанд, 1 сол пеш оташ заданд. Бо гузашти 1 сол банкоматҳо ҳанӯз барқарор нашудаанд, чаро? Аҷоиботи кор он аст, ки ҳамин камбудиҳо ба роҳбарияти ноҳия маълум аст, вале ҳама чаро қулфи хомӯшӣ ба даҳон задаанд?

Шодибек Кабутов,

собиқадори меҳнат,

н.Лахш 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter