ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёти ҷамъиятӣ: бурду бохти он

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

Мухбирони газетаи мардумии СССР дар чанд шумораи ахири соли 2021 мавзӯи мушкилоти фаъолияти нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе, нархгузории тарофаҳо ва камбудиҳои онро аз рӯи шикояти мусофирон матраҳ карда буданд. Ҳафтаи аввали соли 2022 Ҳамза Ғанизода, директори Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” мухбири моро ба ҳузур пазируфта, дар бораи тамоми камбудиҳои дарҷшуда ва асли вазъ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт суҳбат кард.

 

84 хатсайр ва 3 млн мусофир

Тавре дар сӯҳбат Ҳамза Ғанизода зикр намуд, айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналии давлатӣ: ККВД “Автобус-1”, ККВД “Автобус-2”, ККВД “Автобус-3”, ККВД “Троллейбус” ва 16 ҷамъияти нақлиётӣ дар самти хизматрасонӣ ба мусофирон фаъолият доранд. Дар умум 84 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 29 хатсайри автобусгард, 9 хатсайри троллейбусгард ва 46 хатсайри микроавтобусгард фаъол буда, дар доираи шартномаи хизматрасонӣ кори системаи мусофиркашониро идора менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки иҷроиши ҳаҷми мусофиркашонӣ ва гардиши мусофирон дар нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе дар 12 моӽи соли 2021,  3 162 80,51 ҳазормусофирро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои асосӣ (Q, P) дар ин давра мутаносибан 114,0% ва 114,8%  иҷро гардидааст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тариқи нақлиёти калонҳаҷм (автобус, троллейбус) 65,2% мусофиргардиш 64,3%, дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ (микроавтобус) мутаносибан 34,8% ва 35,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳамин ҳоло ӽамаруза дар шабакаи хатсайрӽои шаӽрӣ  365 адад автобус 80 адад троллейбус, 1030 адад  микроавтобус  ва  худуди 2210 адад воситаӽои наклиёти кироякаши сабукрави таксии сектори хусусӣ фаъолият ва талаботи ҳамарӯзаро қонеъ менамоянд, - афзуд Ҳамза Ғанизода.

 

Чанд мусофирбар дорем?

Миқдори умумии автобусу троллейбусӽо дар шаҳри Душанбе 658 ададро ташкил медиӽанд, ки аз ин шумора:

Тамғаи “ISUZU CITI BUS A/T”- 54 адад;

Тамғаи “ISUZU CITIPORT A/T”- 10 адад;

Тамғаи “AKIA ULTRA LF12”- 299 адад;

Тамғаи “AKIA ULTRA LFDD”–10 адад;

Тамғаи “AKIA ULTRA LE 8”- 70 адад;

Тамғаи “ЛиАЗ”- 33 адад;

Тамғаи “ПАЗ”-27 адад;

Тамғаи “Кинг-лонг”-2 адад;

Тамғаи “SAZ”- 4 адад;  

Троллейбус: -149 адад аст.

Миқдори микроавтобусҳо, дар маҷмуъ дар корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе, ки тибқи шартномаи тарафайн ҳамкорӣ доранд,  1557 ададро ташкил медиҳанд, аз ҷумла:

«Мерседес-бенс» (Спринтер)-1227 адад;

«Хундай старекс» – 278 адад;

«Газелл» - 17 адад;

дигар намуди тамғаҳо-35 адад.

  

3425 корти нафақахӯрон

Тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе №777 аз 12 декабри соли 2017 бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони сину  солашон аз 75 сола боло аз хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои нақлиёти сабукрави таксӣ)” бо тарзи ройгон ба 3425 нафар нафақахурони сину солашон аз 75 сола боло (истиқоматкунандагони шаӽри Душанбе) кортӽои имтиёзнок дода шудааст.

Тавре ба мухбири мо дар ширкати “Авесто Гурӯҳ” хабар доданд, дар умум имрӯз беш аз 39 ҳазор нафар аз кортҳои ройгон ва имтиёзнок бархӯрдоранд.

 

4369 мусофири бе корт...

Давоми соли 2021 нисбати 1638 нафар мусофир доир ба риоя нагардидани низоми пардохти электронии ҳаққи роҳкиро бо дастрасии моддаи 2951-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 24 570 сомонӣ ба буҷаи давлат пардохт гардидааст.

Инчунин аз тарафи корхонаю ҷамъиятҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 1964-адад камбудиҳо ба қайд гирифта шудааст. Гуруҳҳои корӣ танҳо дар 2 рӯзи пешбурди кор дар 709-адад автобусу троллейбус назорат ва санҷиш анҷом дода, дар умум 4369 мусофирони бекорти нақлиётӣ саворшуда аз дохили автобусу троллейбус фароварданд. Инчунин 2474 мусофир маблағашонро бозпас гирифта, зиёда аз 681-адад кортҳои нақлиётӣ ба мусофирони бекорт дастрас карда шуд.

 

Мусофирон бояд донанд

Тавре ба мухбири мо мутахассисони МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯянд, боло рафтани нархи роҳкирои нақлиёти истифодаи умум каме ҳам бошад вазъи корхонаҳои коммуналӣ ва нақлиётиро дар пойтахт беҳтар намуд.

-        Шумо хуб медонед, ки охирин маротиба нархи роҳкиро соли 2011 боло рафта буд, ки аз байн 10 сол гузашта, дар ин муддат хеле чизҳо иваз шуд, алалхусус нархи маводи сӯхт. Солҳои ахир ин гаронӣ вазъи корхонаҳои нақлиётии пойтахтро хеле вазнин карда буд, бо назардошти гаронии нархи бозор ва тағйирот дар талаботи нави ону ба нестӣ набурдани автопаркҳои пойтахт моҳи ноябри соли 2021 нархи роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умуми шаҳри Душанбе бардошта шуд. Агар гӯям, ки ин кор 1 такони ҷиддие ба вазъи иқтисодии корхонаҳо шуд, хато намешавад. 1 қисми муайяни ҳаққи роҳкиро, ки ба воситаи низоми пардохти электронӣ пардохт мегардад, тариқи шартномаи басташуда байни ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ва корхонаҳои коммуналӣ ба корхонаҳо гузашта, ба воситаи он корхонаҳои коммуналӣ аллакай имкон доранд 30-40% харҷи худро пӯшонанду ба маоши ронандаҳо фоизи иловагӣ ҳамроҳ кунанд. Мо мусофиронро дарк мекунем, вале мусофирон низ бояд моро дарк кунанд, зеро ҳамаи амалу кори мо барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ равона гардидааст, на чизи дигар, - таъкид дошт Ҳамза Ғанизода.

Коршиносони соҳаи нақлиёт бар он ақидаанд, ки новобаста аз баъзе камбудиҳо системаи ба роҳ мондаи имрӯзаи фаъолияти нақлиёти истифодаи умум ва низоми электронии пардохти ҳаққи роҳкиро дар шаҳри Душанбе беназир буда, дар байни кишварҳои Осиёи Миёна ҳамто надорад. Ин аст, ки нақлиётчиёни кишварҳои ҳамсоя, аз он ҷумла Ӯзбекистон, онро омӯхта, ният доранд дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд низ ин системаро роҳандозӣ намоянд. Чаро не!? Мо Метавонем!

                                                        

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter