Боби 1. Нозири гизалаи об
Чанд маротиба шуд назоратчии об ба хонаи мо, ки ҳамагӣ 2 моҳ пеш ба он кӯчидаем, омада, дар бораи қарзи ҳангуфти 4000 сомонӣ хабар дода, бо исрору таҳдид талаб менамояд, ки ин маблағро пардохт намоем. Маротибаи ахир нозир ҷиддӣ таҳдид намуд, ки агар ин маблағро, ки қарзи 3 соли гузашта аст, пардохт накунем, бо намояндагони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла судя ва намояндаи Агентии мубориза алайҳи коррупсия омада, нисбатамон чораандешӣ мекунад!!! Медонам, ки ман танҳо нестам ва шаҳрвандони зиёде бо ин ҳолат ҳатман рӯбарӯ шудаанд.
Бояд гуфт, то омадани мо инҷо 1 муддат оилае зиста, чанд соли баъд хона холӣ будааст. Оилае, ки мезист, пули обро пардохт кардааст, вале вақти холӣ мондани хона нафаре ба таври муваққат шартномаро бо КВД “Обу корези Душанбе” қатъ накарда, пули об ба таври автоматӣ ҳисоб ва зам шудан гирифтааст. 4000 сомонӣ маблағи каме нест ва барои рӯшанӣ андохтан ба он, ки ин қарз аз куҷо пайдо шудаву кӣ пасон бояд онро пардохт кунад, ман ба КВД “Обу корези Душанбе” роҳ пеш гирифтам.
Боби 2. Раис нест!
10.02.2022. Соат ба вақти Душанбе 13:30 дақиқа. Ман ба КВД “Обу корези Душанбе” рафтам. Посбонони назди гузаргоҳи асосӣ сабаби омаданамро пурсиданд. Гуфтам ба назди директори корхона омадаам ва мехоҳам мушкиламро ба ӯ баён кунам. “Раис нест!” гуфтанд посбонҳо. Ба суоли мо, ки “Раис дар куҷост? Кай меояд?” нафаре посухи мушаххас дода натавонист. Гуфтанд пагоҳи дигар биёям, чун рӯзи шанбе асту “Рӯзи Қабул”, раҳбари корхона ҳатман қабул хоҳад кард.
Ба назари ман роҳбарони корхонаву идораҳое, ки бо таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барқу гармӣ, масъули дастрасӣ ба хатҳои муҳандисию техникӣ, гази моеъ ва сохтмону меъморианд, бояд шаҳрвандонро ҳар рӯз қабул кунанд, чунки проблема дар ин самт зиёд аст ва гоҳо ба таври оҷилӣ ҳал кардани онҳо пеш меояд.
Боби 3. Раис ва меҳмони азизаш
12.02.2022. Соат бо вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Боз ба КВД “Обу корези Душанбе” омада, интизори қабули раис шудам, вале ин дафъа ҳам гуфтанд раис меҳмон дораду вақти қабул на. Меҳмони муҳим будааст!
Маро барои арзу шикоят ба шуъбат таъминоти об ва кор бо муштариёни ин корхона равон карданд. Чаққонӣ карда то қабулгоҳи директор рафтам,то бубинам, ки меҳмони “азиз” кӣ аст, вале боз нашуд. Посбонон чун Қалъаи Брест кабинети Раисро ҳифз мекардаанд!
Билохира, бо дахолати сардабири СССР, маро муовини директори корхона Дӯстализода Шӯҳрат Нуралӣ қабул кард. Ҷавонмарди олуфтаю дидадаро ва хушзабон ҳам будааст. Эшон арзи маро вобаста ба қарзи ҳангуфт ва таҳдиди нозир гӯш карда, назоратчии обро даъват кардаву масъаларо аз 2 тараф шунида, баррасӣ намуд. Дар 1 дам рӯйхати тамоми пардохтҳое, ки барои истифодаи об аз хонаи мо гузаштааст, бардошта оварданду маълум шуд, дар бораи холӣ будани хона, на соҳибхона корхонаро огоҳ кардааст ва на назоратчӣ дар ин бора хабар дорад. Акнун фаҳмидам, ки агар соҳибхона ба ягон сафари дурудароз равад ва ё хонаашро холӣ нигоҳ дорад, бояд корхонаҳои марбута, аз ҷумла КВД “Обу корези Душанбе”-ро ҳам аз холӣ мондани хона огоҳ кунад. Назоратчиён низ бояд донанд, ки дар кадом хона шаҳрванд зиндагӣ мекунад ё не ва дар ин бора бояд корхонаро огоҳ кунанд. Вале аз ҳама муҳимаш, КВД “Обу корези Душанбе” БОЯД ҳисобкунакҳои обӣ гузорад, то мардум саривақт аз рӯи он, мисли барқ, ҳаққи корхонаро пардохт намоянд. Вале раисе, ки ВАҚТи қабули муштариёнашро надорад, магар парвои вазъ дорад? Ҳой раис! Дар кӯча асри 21 асту Шумо дар пойтахти 1 кишвари бузурге бо номи Тоҷикистон кор мекунед!!!
Боби 4. Бинои беоб...
Боз 1 масъалаи дигар он аст, дар биное, ки мо зиндагӣ дорем-Мушфиқӣ 51/2, дар маркази шаҳри Душанбе, обро ба мардум бо реҷа-соат медиҳанд!!! 2 соат саҳар ва 2 соат бегоҳ мардумро обро мебинанду дар ин фурсат ба зарфҳои калон пуру захира карда мегиранд. Фикр мекунам чунин ҳолат шояд дар қишлоқҳои дурдаст буда бошад, на дар пойтахти 1 кишвари соҳибистиқлол!!! Ин буд проблемаи дуюме, ки мехостам бо раҳбарияти КВД “Обу корези Душанбе” матраҳ кунам, аммо таври маълум “Раис нест!”...
Барои рушанӣ андохтан ба мавзуъ нахуст ба сомонаи ин корхона рӯ овардам, вале онҷо рақами маркази матбуот дарҷ нашуда буд. Билохира бо кӯмаки ҳамкорон шумораи телефони котиби матбуотии КВД “Обу корези Душанбе” Зӯҳро Сафарзодаро пайдо намуда, бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Камбуд ва мушкил дар дастрасии обро ба сокинон Зӯҳро Сафарзода дар тағйирёбии иқлим ва бо ин сабаб поин омадани фишори об арзёбӣ кард.
- Реҷаи истифода ва дастрасии об аслан шабонарӯзист, вале ҳастанд минтақаҳое, ки маҳдудият доранд. Аз ин лиҳоз реҷаи додани об дар онҳо бо соат аст. Мардум гоҳо обро сарфа намекунанд, аз меъёр зиёд истифода мебаранд. Меъёри об барои 1 нафар дар 1 шабонарӯз 10,8 метри кубӣ муайян карда шудааст, - гуфт бо лаҳни ширину гуворо Зӯҳро Сафарзода.
Мавсуф илова кард, ки аз давраи шуравӣ то ин дам реҷаи корӣ ҳамингуна буд ва то ҳол идома дорад. Ҳоло бошад шаҳрвандони пойтахт рӯз аз рӯз афзуда истода, биноҳои нави баландошёна қомат меафрозанд ва маълум аст, ки аҳолӣ низ меафзояд. Шаҳрнишинон зиёд шуда, биноҳои баландошёнаро бояд бо оби нушиданӣ таъмин кард.
Боби 5. Бинои бе соҳиб
Вале тавре дар сӯҳбат бо ман бошандагони бинои Мушфиқӣ 51/2 изҳор доштанд, сар аз солҳои 90-и асри ХХ то соли 2022 ин бино ба сохтори ягонаи обу корезӣ пайваст нест. Мотори обгузарро худи мардум пул ҷамъ карда, таъмир мекардаанд. Об 30 сол аст, ки бо ҳамин реҷаи 2-3 соат шабу 2-3 соат рӯз меояд ва касеро парвои ин проблема нест, ки нест!!! Вале нозири КВД “Обу корези Душанбе” мардумро таҳдид карда пул ҷамъ мекардааст...
Боби 6. Мардум ва ҳисобкунакҳои обӣ
Вобаста ба насби ҳисобкунакҳои обӣ бошад Зӯҳро Сафарзода таъкид дошт, ки аз ҳисоби корхона 50% муштариён айни замон бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин буда, насби он ба муштариёни дигар зина ба зина идома дорад. Проблема дар он аст, ки сокинони пойтахт барои насб кардани обҳисобкунак мухолифат эҷод мекунанд. Обҳисобкунак барои сарфакории об дар ҷомеаи имрӯз бисёр 1 чизи зарур буда, тавассути он сокинон метавонанд оби истифодамешударо сарфа ва назорат кунанд. Ин албатта ба буҷаи оила низ таъсири хешро хоҳад расонид.
Мо пайгири мавзӯем, зеро проблемаи қарзи оби мо то ба охир ҳал нашудааст.
Мо Метавонем!
Омирона Достиева,
СССР