ХАБАРИ ДОҒ

СПЕЦмушоҳидаҳо дар Душанбе…

  • Чоршанбе, Март 02 2022

(Ба ҷои фелетон)

Рӯзе аз рӯзҳо дар давраҳои асри санг, ну типа асри 21, Сангпушт ва Мегафон ба ҳамдигар бидуни никоҳи шариатӣ, издивоҷ карда, соҳиби 4 фарзанд шудаанд: 1G, 2G, 3G ва 4G. Намедонам чаро вале ба эҳтимоли зиёд, ин сағераҳо синаи миллатро зиёд мемаканд шояд аз ин хотир бо ҳамин шева ба навбат ҳамаашонро Ҷи-Ҷӣ ном кардаанд. Иттифоқан мардум мегӯянд, фарзанди яку дуву се не, маҳз фарзанди чаҳорумияшон ба худашон сахт монанд аст ба вежа суръати ҳаракаташ. Айни падарашон-оқои Сангпуштак. Ҳай баҳазур аст, чунон баҳузур, ки толибон инқадар баҳазур набуданд. Агар толибон дар 40 соли ҷанг Афғонистонро гирифта бошанд, ин ЧОРҶии лаънатӣ дар 400 сол 1 аксро намекушояд, ки афти хунуки ҳамун Ашрафғаниҷонро бубинем, ки баъди сакта шудан, безеб шудааст ё ҳамун босмачии хушруйча боқӣ мондааст?!

Хулосаи қисса ҳамин, ки пули 3 чеки тарабхонаи Буракро ба Мегафон додем, вале чашмакомон дар ҳасрати дидори калаи дами Ашраф кӯр шуду интернети Мегафон ҳамун аксро накушод, ки накушод... Кадом сарзадаи дигар ҳам гуфт, ки интернет дар Русия арзон асту суръаташ мисли шамолакои Файзобод. Баъд ба хотирам омад, ки мо ҳам хубу ганда муҳоҷирбачаем, 1 рафта нархи чиптаро бинем. Нархро пурсидем, қариб 6 ҳазор сомонӣ! Ман акнун фаҳмидам, ки Ашраф Ғанӣ чаро тавассути Тоҷикистон неву маҳз тавассути Ӯзбекистон фирор кардааст?! Ҳарчанд пушташ зиёд ҳарфҳо буд, ки пули зиёд бо худ дошт вале мантиқӣ нест, ки гӯем пул дуздида буд, вале зӯраш ба чиптаи Сомон Эйр нарасид. Аз ин ҷост, ки ман бовар надорам, ки Ашраф пули буҷаи Афғонистонро дуздида бошад. Вале аз асли мавзӯъ дур наравем.

 

Беқурбии сомониҷон…

 Кор ба ҳаддест, ки Агентии Зиддиинҳисорӣ ҳам дигар бедудилагӣ ошкоро дар ҳузури намояндагони Васоити Ахбори Омма мегӯяд: мо наметавонем гӯем, ки нархҳоро паст кунед! Ба таъбири сағераҳои ҳозира, ой блин, дигар сарамонро ба санг занем ҳам фоида надораду ба сангпушт ҳам. Нархи сӯзишвории падарлаънат ҳам кам не ғам не, 10 сомонӣ. Солҳои пеш агар нархи бензин аз пиво қиматтар мешуд, калидро монда пивонӯшӣ мекардем. Ҳоло пиво ҳам мисли бензин 10 сомонӣ шуда. Дигар бо чӣ роҳе вақтгузаронӣ кунем, намедонем. Бадбахтии асосӣ дар ин аст, ки бо ин 10 сомонӣ ба ҷуз бензин ё 1 бакал пиво дигар чизе харида намешавад. НО! Ман фикр кардам, ки камбағалам, ки 10-сомона дорам. Каме роҳ гаштам, 1 ронандаи таксӣ наздам истода пурсид: ака даҳсомонаро майда карда метавонед?! Гуфтам, ба фикрам майдатарин купюраи тоҷикӣ ҳамин даҳсомона аст, ман 1 моҳ шуд дар Тоҷикистон панҷсумаву яксума надидаам, дар Душанбе ҳатто ҳамун гадоҳо ҳам яксомонаро намегиранд. Ҳоло бобати дирам аслан чизе намегуям! Ман фикр намекунам, ки дар Душанбе чизеро бо 20 дирам харида шавад. Вале ёдам ҳаст, ки мо бистдирама не, ҳатто панҷдирамаву якдирама ҳам доштем, вале бидуни ҳиҷ фармону дастур аз байн рафтанд... Медонед чаро? Зеро бо унҳо дигар чизе харида намешавад. Бале, дар Русия ҳам бо як копеек чизе харида намешавад лек ҳанӯзам дар мағозаҳои Русия копеек вуҷуд дораду истифода мешавад. Зеро дар кишварҳои пешрафта ҳама намуди нархгузорӣ ба ҷуз пули калон боз болояш чанд копеек дорад. Масъалан нон дар Русия 40 рублу 56 копеек аст. Ин 40 рубл арзиши нон аст ва маҳз ана ҳамон 56 копеек, тиҷорати нонро мечархонад! Дар мо чӣ? Нон 1 сомонӣ!! Ва фақат ба хотире, ки дигар яксомона дар ҷайбамон нест, маҷбурем даҳ сомонӣ дода, 10 дона нон харида хона барем, ҳарчанд ин миқдор нон дар 1 рӯз агар даркорамон ҳам набошад! Бо ин тартиб натанҳо нархҳо ҳар соат боло мераванд, ки купюраҳои мо аз байн мепаранд... Бонки Миллӣ ифтихор карда гаштааст, ки купюраи ҳазорсомона нашр кардем вале намедонад, ки натанҳо ин ҳазорсомонаи мо ҳанӯзам 100 доллар намешавад, ки ҳатто миллионҳо сомониро ҳам аз даст додаему зиндагии мардумро мушкилтар кардаем...

 

Гӯшт, гӯштак, пӯстак ва пустяк

Дар бораи нархи гӯшт фақат аблаҳон метавонанд фикр кунанд. Оре, айнан аблаҳон, зеро дар кишваре, ки маоши миёна атрофи сад доллар асту нархи гӯшт атрофи 10 доллар, аслан фикри гӯштро кардан аблаҳист. Аз ҳамун картошкаву пиёзу кадуҷон намонем. Вале нархи инҳо фикр доред арзон аст? Хоки бари мазор аст! Нархи инҳо аз нарху навои барқ ҳам қиматтар аст. Барқ гуфтаму 1 қисса ёдам зад. 1 рӯз занги дари хона садо доду дидам 1 занаки қоқ пушти дари тоқ аст. Фикр кардам кадом зани ҳамсоя аст, шояд тибқи оинҳои ҳамсоядорӣ ягон қошуқ намак мепурсад, кушодам, ун зани "намакношинос" пулчинаки барқ будаасту якбора 1 чек пешниҳод кард, ки бояд 470 сомонӣ пули барқ супорам. Супурдаму баъдан фикр кардам, ки мо дар хонаамон ба ҷуз чанд "лампочкаи камрасход"-у 1 телевизоре, ки ба ғайр аз қазияи ванҷиҳо бо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дигар чизе нишон намедиҳад, чӣ дорам, ки пули моҳонаи барқ инқадар шуда?!

 Аҳа, ёфтам, як асбоби гармидиҳандаи барқии дигар ҳам дорем, ки 24 соат кор мекунаду ба ғайр аз худаш дигар чизеро гарм намекунад. Ин хитойиҳои азиз ҳам ба ҷуз ин, ки тавассути вирус мекушанд боз мобарин бачаҳои инвалидро аз хунукӣ ҳам куштаниянд. Ҳарчанд дар тӯли 30 соли истиқлолият даҳҳо чеҳраи ошкору гумномро унвони олим додаем, ҳиҷ не, ки ин олимчаҳо лоаққал 1 асбоби гармидиҳанда ихтироъ кунанд. Ҳар асбоби барқие, ки дорем аз хориҷ меояд ба вежа аз Чин, ки моли сеюмдараҷаанду ба ғайр аз зарар дигар чизе ба мо намедиҳанд. Гуфти Бобои Ғулом «ҳаммаш пустяк!».

 

ТВ-Пулчинаки ТВ-нолозим

1 навигарии дигарро нагуфтам: дар тӯли ин 3 соле, ки дар ватан набудем, 1 навиди дигар ҳам шудааст. Кадом ширкате пайдо шуда, ки хона ба хона гашта 25 сомонӣ пули телевизион мегирад! Медонед чаро? Зеро ин ширкат тамоми шабакаҳои телевизионии давлатии ватаниро бо сифати баланд ба мардуми Душанбе ва навоҳии атрофи Душанбе пешниҳод мекунад. Шабакаҳои давлатӣ аслан дар Душанбе ҳамааш ба моҳвора пайванд буданд, намедонистам, ки чаро ин ширкат боз пайдо шудааст. Баъдан гуфтанд, ки тавассути хизматрасонии ин ширкат, шабакаҳои вилоятӣ ҳам дастрас мешаванд. Лек шабакаҳои вилоятӣ ягон чизи ҷолибе надоранд, ки тамошо кунем, айнан ҳамун ҳар чизе, ки шабакаҳои марказӣ намоиш медиҳанд, инҳо ҳам ҳамунҳоро ҳар вилоят ба шеваи сӯҳбатҳои мардуми худаш пахш мекунад. Мусиқиҳо ҳам дар ин шабакаҳо комилан мусиқиҳои минтақавиянд ва дар баъзе мавридҳо агар суруд дар васфи ватан бошад, ки иттифоқан ҳамаи сурудҳо дар васфи ватананд(!) баъзан аз сарояндагони минтақаҳои дигарро ҳам пахш мекунанд.

Сатҳу сифати барномаҳо дар ҳама шабакаҳо комилан якранганд, мисли ҳамун шабакаҳои марказӣ, паст ва дилбазан! Фақат Телевизиони Бадахшон зуд-зуд ягон гузориши криминалиро такрор ба такрор мисли рекламаи Пардифенҷон пахш мекунад, ки аксараш ба ҳамун минимитинги мардуми Хоруғ ва баҳси шаттахурии кадом омӯзгори зодаи Ванҷ аз дасти Муҳаммадбоқ Муҳаммадбоқиров аст, ки ростӣ, дилбазан ҳам шуда... Ва ун наворҳо дар Фейсбук ҳам зиёд пахш мешаванду зерашон даҳҳо дашному ҳақорат ҷамъ мешавад, яъне шарт нест ҳар моҳ 25 сомонӣ дода барномаҳоеро тамошо кунем, ки дар интернет ҳам ҳамунҳоро дидан имкон дорад. Вале интернет, ки аз Мегафон бошаду Мегафон, модари 4G ва ин ЧОРҶии лаънатиро падараш Сангпуштак ном дошта бошад, ба ҷуз ҳамун телевизиони бистуранҷсомона аз куҷо дигар хабарҳои кишварро тамошо кунем? Ё китоб хонем мӣ? Масалан Мошни Бизнес-Арбоб Камолро!!! ????

Шарифхони Тағаймурод

Меҳмони россиявии Душанбеҷон

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter