ХАБАРИ ДОҒ

Темурмалик: дузди зӯр соҳиби говро баст?

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 

Салом ба СССР-и азиз! Ту ҳамеша мушкилкушоӣ ва ба дарди мардум мерасӣ! Аз соли 2006 ҳамчун хоҷагии иловагии ёрирасони шахсӣ 0, 30 га замини корами лалмӣ дорам. Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро ҳам дорам ва то ба имрӯз дар идораи замини ноҳияи Темурмалик ин замин ба номи ман аст.

Қарори раиси ноҳияи Совет бошад дар ин бора нахуст соли 1995 ба тасвиб расида, аввал худам, баъдан писарону наберагон дар он кишоварзӣ ва обчакорӣ мекунанд. Агар аниқтар гирем ин замин аз соли 1990 ба ман вобаста шуда буд, ва ман тӯли ҳамаи ин солҳо андози заминро бо дигар хароҷоташ пайваста пардохт мекардам.

Соли 2021 нафаре бо номи Эраҷ Тӯраев омада замини моро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, онро кишт кард. Вақте даъво намудем, гуфт собиқ раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзода ин заминро барояш бар ивази 1000 сомонӣ додааст. Магар ин кор мумкин аст? О замин ҳоло ҳам дар реестри идораи заминсозӣ ба номи ман аст ку!? Ва чи гуна раисе будааст, ки бар ивази 1000 сомонӣ замини давлатиро аз 1 пиразан гирифта ба 1 нафари авбош фурӯхтааст? Раиси нави ноҳия Шералӣ Ҳасанзода бошад мегӯяд ман аз ӯҳдаи ҳалли ин масъала баромада наметавонам.

Ман танҳо нестам, замини боғи ҳамсояи ман Исуф Гиёевро, ки аз соли 2006 соҳибаш асту он 3 га масоҳат дорад, Эраҷ Тӯраев низ ғасб кардаасту мегӯяд, ки иҷозатро барояш раиси собиқ Фотеҳ Аминзода додааст. Боғ низ дар реестри идораи заминсозии ноҳия ба номи Исуф Гиёев ҳасту ӯ 3 кӯдаки маъюб дошта танҳо ин боғ рӯзирасонашон буд. Агар ин кор воқеият дорад, пас Фотеҳ Аминзода бояд дар назди мо посух бигӯяд!

Боғигул Пирова,

сокини деҳаи Оби ширини

Ҷамоати деҳоти Кангурти

н.Темурмалик,

Исуф Гиёев,

Тел: 900103728

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter