Фасли тирамоҳу зимистон дар шаҳру ноҳияҳои СССР ҳамаи дегхонаву буғхонаҳо (котельная) бомаром ба таври муттасилу муташаккилона кор карда, ҳамчун объекти стратегӣ маҳсуб мешуданд. Мантиқан имрӯз ҳам чунин бояд бошад!
Дар Уротеппаи советӣ (Истаравшани имрӯза) зиёда аз 100 биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ арзи вуҷуд доранд. Давоми 10-15 соли охир аксарият дегхонаҳои шаҳр бо тамоми таҷҳизот, батареяҳои чӯянӣ ва оҳану трубаҳои фарсудааш фурӯхта шуданд. Объекти стратегӣ-иҷтимоии шӯравӣ ба моликияти хусусӣ табдил ёфт. Дигар шаҳру ноҳияҳоро намедонам, аммо дар Уротеппа системаи тавонои гармкунии обиро масъулини тангназару «дурбин» бо дасти худ маҳву буғӣ карда, оқибат ба несту нобудӣ оварда расониданду бизнеси оҳанпора (металлолом) ба арши аъло баромад.
Таҳлили теоретикӣ
Камина дар бинои баландошёнаи шаҳр зиндагонӣ мекунам ва ҳанӯз 6-7 сол пеш дар квартира печкаи буржуйка насб буду дар балкон халтаҳои ангиштсангу ҳезум қарор дошт, зимистонро хамин тавр мегузарондем, Сад шукр, ки имрӯз нерӯи барқ фаровонтар шуда, аз чангу ғубор ва дуди сиёҳи «буржуйҳо» (печкаҳо албатта) халос шудем. Лекин барқарору ба кор андохтани системаи гармидиҳии обию буғӣ (паровое отопление) ба манфиати умум хоҳад буд. Зеро бехатариву бартарият ва самаранокиаш бештар аст.
Тасаввур кунед, масалан, 1 оила якбора 2-3 печкаи электрикӣ истифода мебаранд, сарборӣ ба трансформатору розеткаҳо зиёд шуда, барқ хомӯш мешавад, баъзан 1 шабонарӯз дар 1 жилдом барқ хомӯш мегардад. Масалан, 10 оила 2-3 печкаи электрикӣ истифода мебаранд, акнун онро ба 48 оила-квартираи 1 жилдом зарб мезанем, мешавад 144 печкаи барқӣ бо тавоноии аз 1 то 3кВ якбора фаъолу гарм мешаванд. Симуноқилҳои барқӣ даҳчанд кор карда ноқилҳо месӯзанд.
Акнун барои дарку фаҳмонидани ҳадаф, ки эҳёи системаи гармидиҳии обию буғӣ аст, 5 бинои баландошёнаи истиқоматиро дар мисоли 5 оила аз 5 шаҳри Осиёи Миёна ва 1 шаҳри РСФСР ба риштаи таҳлили теоретикӣ мекашем.
Чунин биноҳои 4-5 ошёнаи шӯравӣ то ҳол дар ин шаҳрҳо побарҷоанд. Барои дарку фаҳмиши мантиқу мақсад рақамҳоро шартан меорем. Чунки квитансияҳои моҳҳои январ-июли солҳои 70-ум ва 80-уми асри 20-ро дар даст надорем.
Таҳлили истифодаи миқдори барқ дар 1 квартираи 3 ҳуҷрагӣ барои 1 оила дар бинои баландошёна
№ б/т |
Номи шаҳрҳо
|
Масоҳати квартира м 2
|
Системаи ягонаи гармидиҳӣ |
Солҳо, мавсим, миқдори барқ (квт/с) |
Эзоҳ |
|||||
1970 |
1980 |
2020 |
||||||||
тобистон |
зимистон |
тобистон |
зимистон |
тобистон |
зимистон |
|||||
1. |
Истаравшан |
50 |
Обӣ (буғӣ) |
100 |
101 |
100 |
102 |
300 |
800 |
сист. гарм. нест! |
2. |
Самарқанд |
50 |
Обӣ (буғӣ) |
100 |
101 |
100 |
102 |
99 |
101 |
сист. гарм. боқӣ |
3. |
Навоӣ |
50 |
Обӣ (буғӣ) |
100 |
101 |
100 |
102 |
99 |
101 |
сист. гарм. боқӣ |
4. |
Фарғона |
50 |
Обӣ (буғӣ) |
100 |
101 |
100 |
102 |
99 |
101 |
сист. гарм. боқӣ |
5. |
Олмалиқ |
50 |
Обӣ (буғӣ) |
100 |
101 |
100 |
102 |
99 |
101 |
сист. гарм. боқӣ |
6. |
Саратов |
50 |
Обӣ (буғӣ) |
100 |
101 |
100 |
102 |
99 |
101 |
сист. гарм. боқӣ |
Ба ҷадвал нигаред, солҳои 1980 як оилаи советӣ хоҳ дар шаҳри Самарқанду Навоӣ зиндагӣ дошт, хоҳ дар Уротеппа ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ дар фасли гармову сармо қариб, ки якхел буд, зеро дегхонаҳои обию буғӣ бенуқсон кор мекарданд. Ҳар сол интиқоли гармӣ ба объектҳои иҷтимоӣ ва биноҳои истиқоматӣ аз санаи 15 октябр оғоз гардида, аввалҳои апрел ба анҷом мерасид.
Талаботи зиёду лампаҳои «каммасраф»
Дар он шаҳру ноҳияҳое, ки системаи гармидиҳии обию буғиро нигоҳ дошта, рушду такомул доданд, миқдори истифодаи нерӯи барқ барои 1 хонавада тӯли 50 сол (ним аср) анқариб бетағйир мемонад. Зеро замони шӯравӣ телевизору радио, дарзмолу дигар техникаи маишӣ ва лампаҳои тасфон (100,150,200 Вт) нерӯи барқро бисёртар «мехӯранд». Ҳоло ҳамааш баръакс-каммасраф шудаанд. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, фасли тирамоҳу зимистон дар кишвари мо талабот ба нерӯи барқ яку якбора зиёд мегардад, хусусан дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ талаботи мавсимӣ то 400 % зиёд шуданаш мумкин аст, нисбати солҳои 70-ум бошад беш аз 10 маротиба.
Энергияи электрикӣ-қувваи азим, аслиҳаи ниҳоят муҳиму асоси истеҳсолот мебошад. Дар кишвари СССР қувваи электрикиро асосан дар заводу фабрикаҳои истеҳсолӣ, равшансозии хонаву биноҳо, хиёбону кӯчаҳо истифода мебурданд. Назорати давлатӣ сахт буд. Иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо ва беморхонаҳо 90% бо системаи интиқоли обию буғӣ (паровое отопление, городская котельная) гарм карда мешуданд.
Имрӯз ҳам ҳамон рақамҳо, фақат акси ҳол, яъне 90% неруи барқ барои гармкунии биноҳо сарф мешавад, яъне истифодаи фаровони бухориву печкаҳои электрикӣ, кондисионер (насимафкан), таҷҳизоти «зима-лето» ва ғайраю ҳоказо, ки дараҷаи самаранокиашон назди системаи советӣ пасттар аст.
Маннон Махсумов,
шаҳри Истаравшан